spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ширкати Алимардоновҳоро дар ноҳияи Ҷомӣ ба додситонӣ кашидаанд

Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷомӣ аз ширкатҳои хонаводаи Алимардоновҳо ба додситонӣ барои напардохтани ҳаққи истифодаи об шикоят бурдааст.  Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафар Раҳимзода зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки ширкатҳои мансуб ба хонаводаи  Алимардоновҳо аз андоз  низ 230 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

"Се ширкати мансуб ба оилаи Алимардоновҳо, дар маҷмуъ аз ҳисоби андоз 230 ҳазор қарздоранд. Аз ҳисоби ҳаққи истифодаи об бошад 250 ҳазор сомонӣ қарз мавҷуд аст",- гуфт раиси ноҳия.

Ба суоли он ки собиқ раиси ноҳия Ёқуб Саидзод қарзи ширкатҳои Алимардоновҳоро 1,5 миллион сомонӣ гуфта буд, Сафар Раҳимзода дар посух ба ин суол гуфт, ки "ман намедонам собиқ раиси ноҳия ин рақамҳоро аз куҷо гуфта буд. Вале мувофиқи маълумоти нозироти андоз то ба имрӯз се ширкати "Баракати Ҷомӣ" 230 ҳазор сомонӣ қарз доранд".

Намояндаи нозироти андоз дар ҳамин нишаст гуфт, ки нисбати ин ширкатҳо чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо андешида шудааст. Сардори идораи беҳдошти замин ва оберии ноҳия Фахриддин Ғафуров изҳор дошт, ки ширкатҳои Алимардоновҳо ("Баракати Ҷомӣ") аз ҳисоби ҳаққи истифодаи об 250 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Айни замон барои пардохти ин қарз аз болои ин ширкатҳо ба додситонии ноҳия шикоят бурдаанд.

Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафта Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт Пардаалӣ Алимардонов, раиси ширкати "Баракат" ва бародари Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк"-ро барои тасарруфи ғайриқонунии 90,1 миллион сомонӣ боздошт кардааст, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Масъулони Оҷонсӣ гуфтанд, агар ӯ зарари расонидаро пурра барқарор кунад, қонуни афв нисбати ӯ татбиқ карда мешавад.

Фахриддин Акрамзода, як масъули парванди Пардаалӣ Алимардонов аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт, ки нисбат ба Пардаалӣ Алимардонов бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ ("тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон") парванда боз кардем.

"Дар ҳоли ҳозир ӯ қисман зарари расонидаро барқарор кардааст. Агар ҳамаи зарари расонидаро барқарор кунад, нисбат ба ӯ қонун дар бораи афв татбиқ карда мешавад".

Дар ҳоли ҳозир назари хонаводаи Алимардоновҳо дар бораи ин қазия ба расонаҳо дастрас нест. 

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки ширкати "Баракат", ки раҳбари он Пардаалӣ Алимардонов мебошад, фармоишгари чойхонаи маъруф ба "Харбуза" дар шаҳри Ҳисор буд ва роҳбари ин чойхона барои тасарруфи маблағҳои калони сохтмон барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Ин иттилоъро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш таъйид кард. Аммо шахсияти ин масъули чойхонаи "Харбуза" то кунун расонаӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...