Филми кӯтоҳи “Парвонаҳо” (Мотыльки) -и коргардони тоҷик Дилшод Авазов дар ҷамъбасти Ҷашнвораи байналмилалии «Зилант» соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид.
Кинофестивали байналмиллалии «Зилант» рӯзҳои 20-21 феврал дар шаҳри Қазони Федератция Русия баргузор гардид.
Тавре ба “Азия-Плюс” коргардони ин филм Дилшод Авазов хабар дод, “Парвонаҳо” филми бадеӣ мебошад, ки аз 25 дақиқа давом мекунад.
Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.
Дар филми Парвонаҳо актёрҳо аз ҳар давлати хориҷӣ ширкат карданд ва сабаби бо забони русӣ наворбардории филм ҳам дар ҳамин мебошад. Мазмуни ин филм дар бораи духтаре, ки дигарон барои ӯ чӣ тавр зиндагӣ карданро интихоб мекарданд, қисса мекунад. Онҳо фикр мекарданд ки ба ӯ хубӣ мекунанд, вале мутаассифона, ҳаёти духтарро барбод доданд.
Ба гуфтаи Дилшод, дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон “Зиланд” ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.
Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯстам ба навор гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.