spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раиси ҲНИТ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш мулоқот карда натавонист


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор нагашт.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқот ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт. «Ба фикри ман, ҳукуматдорони Тоҷикистон на танҳо баргузории чунин мулоқотҳоро намехоҳанд, балки садду монеъа низ эҷод мекунанд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот хоҳад кард. «Имрӯз пас аз адои намози ҷумъа раиси ҳизб дар яке аз масҷидҳои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», – афзуд сухангӯи раиси ҳизб.



М.Кабирӣ дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.



«Маълум аст, ки аксари интихобкунандагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва

 

дидору мулоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...