Чанд ҳафтаи охир дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба муносибати 80-солагии ходими давлатӣ, олими маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ҳаводорону шогирдони Устод номаҳои зиёди табрикотӣ ба нашр расониданд. Дар аксари навиштаҳо сухан дар бораи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, пажуҳишҳои устод Абдунабӣ Сатторзода дар самти адабиётшиносӣ, фаъолият дар музокироти сулҳи тоҷикон меравад, ки бешубҳа самимиву арзишманд ҳастанд. Устод дар соҳаи илм дар баробари соҳаи адабиётшиносӣ, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ низ тадқиқоти арзишмандеро ба анҷом расонидаанд, ки то ҳол аз ҷониби пажуҳишгарони соҳа ба таври васеъ таҳлилу баррасӣ нашудааст.
Гарчанде синну соли ин ҷониб ба набераи Устод баробар мебошад, шарафи ҳамкорӣ бо эшон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дорам. Зиёд ҳам набошад Устодро мешиносам, ҳамроҳашон сафарҳои хориҷӣ доштам ва чанд нуктаро аз фаъолияти таҳлиливу пажуҳишиашон дар самти сиёсати хориҷӣ инҷо зикр намудан мехоҳам.
Нахустин шиносоии мо моҳи январи соли 2010 сурат гирифта буд ва он вақт Устод сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисоди берунаи Маркази тадқиқоти стратегӣ буданд. Азбаски он вақт дар ҷое фаъолият надоштаму асосан дар китобхонаи Фирдавсӣ асарҳои илмиро мутолиа карда, зери роҳбарии устод Сайфулло Сафаров ба навиштани рисолаи номзадӣ шуруъ намуда будам, 11 ё 12 январи соли 2010 устод Сайфулло Сафаров занг заданд ва гуфтанд, ки маро ба кор ба Маркази тадқиқоти стратегӣ қабул мекунанд ва бояд ба назди сардори Раёсат ҳозир шавам. Утоқи кории устод Абдунабӣ Сатторзода дар ошёнаи 4-уми бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷойгир буд ва ба наздашон ҳозир шудам. Устод бисёр ором ва кутоҳ бо ин ҷониб суҳбат намуда, мавзуи рисоларо пурсиданд ва омода намудани ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул шудан ба корро фармуданд. Баъди таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба аризаам имзо карданду фармуданд то ба шуъбаи кадрҳо бурда супорам. Ҳамин тариқ аз 14 январи соли 2010 то марти соли 2012 зери роҳбарии Устод дар Раёсати сиёсати хориҷӣ фаъолият намудам ва бисёр назокатҳои фаъолияти амалии таҳлилиро аз эшон омухтам.
Бояд зикр кард, ки зери роҳбарии устод Абдунабӣ Сатторзода Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ корҳои зиёде ба анҷом мерасонд ва дар баробари фаъолиятҳои илмию таҳлилӣ дар баргузор намудани конфронсҳои байналмилалӣ низ пешсаф буд. Ҳайати кормандони раёсат низ аз олимону таҳлилгарони босалоҳият, аз қабили Хуршед Додихудоев, Фаррух Умаров, Вафо Ниятбекзода, Далер Шодиев, Хосият Комилова, Оятуллоҳ Носирҷонов, Сирус Холиқназаров, Сайвалӣ Шоқурбонов иборат буд, ки аз ҳар кадоми онҳо хело чизҳоро аз бар намудам.
Муҳимтарин ибрате, ки аз Устод омухтам ин тозакорӣ дар анҷоми фаъолияти илмию таҳлилӣ аст. Устод он вақт ва имрӯз низ ба тамоми ҳамоишҳои илмӣ ба таври ҷиддӣ омода мешаванд ва ҳамеша матни навишташудаи суханронии худро доранд. Ҳамон вақт аз Устод пурсида будам, ки барои чӣ ҳамеша матни суханронии худро доранд. Устод гуфтанд, ки агар матнро як-ду маротиба нанависӣ ва бидуни он суханронӣ кунӣ, баъд одат мешавад ва дигар навиштан ҳам мушкил мегардад. Ҳамин хислати Устод бароям писанд омад ва то имрӯз ҳаддалимкон кушиш мекунам, ҳамеша ба конфронсҳо бо матни навишташудаи суханронӣ ҳозир шавам. Вижагии дигари Устод таҳрири ниҳоят ҳирфаии матн мебошад, ки ҳамеша бароям як дарси зинда барои боз ҳам беҳтар аз худ намудани забонӣ модарӣ буд ва ҳаст.
То ба имруз ба ин ҷониб муяссар шуд, ки бо Устод дар ҳамоишҳои илмию таҳлилӣ вобаста ба масъалаҳои минтақавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ширкат кунам. Устодҳамеша бо стандарти баланд суханронӣ мекунанд ва зимни ироаи гузориши эшон таваҷҷуҳи ҳамаи иштирокдорон ба он кас мешавад. Дар суханронии Устод суханҳои обшуста ва маъмулӣ тақрибан нестанд ва ҳамеша як дида вижа ва навро дар бораи моҳияти масъала иброз мекунанд. Чандин маротиба шоҳид будам, ки чӣ гуна таҳлилгарону олимони соҳаи сиёсии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ба Устод эҳтироми зиёд доштанд ва доранд, то ба имруз ба эшон бо истилоҳи тоҷикии “устод” муроҷиат намуда, агар дар ҳамоиш ширкат накунанд, бо чунин ном аз ҳайати тоҷикистонӣ мепурсанд.
Устод Абдунабӣ Сатторзода тавре дар боло зикр намудам, дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ, ба хусус масъалаҳои актуалии сиёсати хориҷӣ пажуҳишҳои арзишмандеро ба анҷом расонидаанд ва собиқадори соҳибназари фаъолияти амалии таҳлилӣ мебошанд. Зикри ин нуктаҳо моҳияти масъаларо равшан мекунад:
Ҳамчун собиқ муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон назари фароху вижае ба масъалаи умдаи минтақа доранд ва аз замони роҳандозии Форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ҳамоиши мазкур аз ҷониби ниҳодҳои миллии тадқиқоти стратегии кишварҳои аъзо таъсис ёфта, ҳар сол як маротиба пеш аз нишасти Сарони давлатҳои СҲШ баргузор мешавад ва протоколи он ба таваҷҷуҳи роҳбари давлатҳо низ пешкаш мегардад) дар 6 ҷаласаи он ҳамроҳи устоди зиндаёд Суҳроб Шарипов, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ширкат намуда, оид ба масъалаи Афғонистон гузоришҳои ҷиддӣ кардаанд ва чанде аз онҳо дар маҷмуаҳои Форуми СҲШ низ нашр шудааст. Имрузҳо низ Устод дар ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаи Афғонистон ширкат менамоянду диди вижа ба масъала доранд.
Устод Абдунабӣ Сатторзода дар самти тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мавқеи ҷолиби диққат доранд ва ҳамеша ҷонибдори ҳамгироии минтақа буданд ва ҳастанд. Устодро ба доираи он таҳлилгарони ватанӣ ворид намудан мумкин аст, ки то тағйири авзои минтақа ва беҳтар шудани муносибатҳои байнидавлатии имруз ба мушоҳида мерасида, навиштаҳои ҷолиби худро перомуни ҳамгироии худи давлатҳо навишта ба нашр расонидаанд. Ин самти фаъолиятҳои Устод як таҳлили васеъ ва алоҳидаро талаб мекунад.
Самти дигари пажуҳиши Устод масъалаи дунявият, фарҳанги сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ миёни ҷавонон ва тавсеаи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мебошад, ки дар ин самт таҷрибаи зиёд дошта, ҳамчун коршиноси соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар эҳтироми хоса доранду матлабҳои арзишмандро ба нашр расонидаанд. Ногуфта намонад, киУстод узви гуруҳи коршиносон буданд, ки барои таҳияи матни нахустин “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва эстремизм барои солҳои 2016-2020” зери сарпарастии Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари САҲА дар Душанбе ташкил шуда буд. Қабулу татбиқи ин стратегия то ба имруз аз нахустин иқдом дар паҳнои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва таҷрибаи нодир дар минтақа мебошад.
Муҳимтарин фаъолияти илмиву таҳлилии ҷомеашиносии Устод дар самти тавсеаи назарияи муосири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба анҷом расидааст. То ба имруз назарияи сиёсати хориҷии кишвар ва паҳлуҳои консептуалии он, бахусус сиёсати бисёрсамтӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ба таври зарурӣ пажуҳиш нашудааст ва сабабҳои хоси худро дорад.
Дар ин замина метавон чанд асари Устодро номбар кард, ки то ба ҳол аҳамияти баланди илмӣ дошта, таҷрибаи ватаниро дар самти пажуҳиши сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаккул медиҳад. Масалан, китоби “Дипломатияи муосири тоҷик”, ки соли 2006 дар ҳаммуаллифӣ бо академик Талбак Назаров дар нашриёти “Ирфон” ба нашр расида аст, аввалин намунаи таҷрибаи ватанӣ дар пажуҳиши васеъи масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва имруз низ ҳамчун дастури ҷиддӣ барои муҳаққиқони соҳа хизмат мекунад.
Мақолаи консептуалии Устод соли 2011 таҳти унвони “Особенности становления и развития внешней политики Республики Таджикистан: теоретический аспект”, ки дар шумораи №3(28) маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” (нашрияи илмии Маркази тадқиқоти стратегӣ) ба нашр расидааст ба ҷанбаҳои назариявии сиёсати хориҷии кишвар ва амалияи робитаҳои байнидавлатии давраи истиқлоли давлатӣ бахшида шуда, намунаи беҳтарини таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвар мебошад. Мақолаи мазкур як навъ ҷамъбасти мухтасари консептуалии сиёсати хориҷии мамлакат дар 20 соли истиқлол мебошад ва имруз бо гузашти 10 сол хулосаи ниҳоии он аҳамияти амалии худро гум накардаанд.
Устод Абдунабӣ Сатторзода аз аввалин муҳаққиқони ватанӣ ҳастанд, ки барои фарогир шудани истилоҳи “сиёсати бисёрсамтӣ” дар самти пажуҳиши сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба хусус иртиботи консептуалии он бо сиёсати “дарҳои кушода”-ро анҷом додаанд. Соли 2009 раёсати Сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣбори нахус дар кишвар мизи гирдро дар мавзуи “Сиёсати бисёрсамтӣ дар сиёсати берунаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дурнамои он”-ро баргузор намуд, ки мафҳуми “сиёсати бисёрсамтӣ”-ро ба гардиши илми ватанӣ ворид кард. Гузоришҳои илмии дар мизи гирд ироа шуда, дар шумораи №4(23), соли 2009-и маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” нашр шудаанд.
Мақолаи Устод таҳти унвони “Теоретические аспекты многовекторности во внешней политике” дар ҳамин шумораи маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” нашр шудааст, таҷрибаи нухистини ватанӣ дар самти назариябандии мафҳуми “бисёрсамтӣ” ба шумор меравад. Дар матлаби мазкур андешаҳои илмӣ бо далелҳои ҷиддӣ нисбат ба зарурати тавсеаи “сиёсати бисёрсамтӣ” дар сиёсати хориҷӣ баён шуда, нуктаназари асосноке ба рақибони сиёсати бисёрсамтии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон дода шудаанд.
Хусусияти муҳими мақола дар он мебошад, ки асотирҳои сохташуда перомуни “сиёсати бисёрсамтӣ” инкор ва ғайриилмӣ буданашон исбот мешаванд ва ин сиёсатро муҳимтарин рукни ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллӣ маънидод намудаанд. Андешаҳои васетари Устод перомуни ин масъала дар китоби калонҳаҷм таҳти унвони “Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана (многовекторность в действии)”, ки соли 2014 дар ҳаҷми 520 саҳифа нашр шуда буд, баён ёфтаанд. Дар умум, пажуҳиши масъалаи бисёрсамтӣ дар сиёсати хориҷии мамлакат имруз дар шароити ҷаҳони пасоковидӣ боз ҳам актуалӣ гардид ва бешубҳа китобу мақолаҳои устод Абдунабӣ Сатторзода барои дарки васеъ ва дурусти ин мавзуъ мусоидати бевосита мекунад.
Дар интиҳо, ба Устоди гиромӣ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам ва аз даргоҳи Худованд илтиҷо мекунам, ки умрашон дарозу саломатиашон ҳамеша бардам бошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.