Ширкати LEGA 13 сол инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад. Аввал маҳсулотро аз Туркия меовард, сипас 8 сол пеш ширкат истеҳсолоти худро дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монд.
Ҳудуди корхона 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он ҳудуди 200 нафар машғули коранд. Дар корхоа дар як сол 8 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мешавад.
“Азия-Плюс” лоиҳаи видеоиро таҳти унвони Made in Tajikistan роҳандозӣ мекунад. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки дар рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият доранд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!
Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад.
Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.