Сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз одамон пул гирифта, ваъда медодааст, ки ба онҳо ба Латвия раводид (виза) гирифта медиҳад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як сокини пойтахт ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи декабри соли 2020 сокини 34-солаи шаҳр бо ваъдаи ба ӯ гирифта додани раводид ба Латвия 33,6 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, вале то ҳол на маблағашро барнагардонидаасту на раводид гирифтааст.
“Ҳамчунин ин шахс бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, – қайд мешавад дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки “фурӯшанда”-и раводидҳо боздошт шуда, аз рӯйи ҳодисаҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.