Дар Чин бори нахуст барномаи додани шиносномаҳои ваксинӣ роҳандозӣ шуд. Тавре ВВС менависад, мухолифони ин кор мегӯянд, ин ба Пекин барои назорати пурра ва фарогири шаҳрвандон имкон медиҳад.
Ин ҳуҷҷатест, ки ҳар шаҳрванде, ки воксин зада шудааст метавонад аз пойгоҳи махсуси рақамӣ онро боргирӣ карда, барои сафар ба хориҷаи кишвар пешниҳод кунад.
Сарусадоҳо дар бораи ҷорӣ намудани ба ин монанд шиносномаҳо дар аксари кишварҳои дунё ҷараён доранд.
Ҷонибдорони ин ташаббус мутмаинанд, ки он ба ҳарчи зудтар ифтитоҳи сарҳадҳои байнулмилалӣ ва барқарор сохтани иқтисоди ҷаҳон кумак мекунад. Мухолифон изҳор мекунанд, ки чунин шиносномаҳо қадами аввал ба ҷорисозии назорати фарогири ҳукумат аз болои шаҳрвандон аст.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, давоми тамоми давраи пандемияи коронавирус 117,2 млн нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 2,6 млн кас бар асари он фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.