Қирғизистони Ӯзбакистон бар сари ноҳияи Сӯхи тоҷикнишини Ӯзбекистон ва деҳҳаи мавриди баҳси Унгар-Тоо ба тавофуқ расидаанд. Қирғизистон гуфтааст, ки омода аст роҳро барои масирҳои нақлиётӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ ба Сӯх боз кунад.
Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки омода аст деҳаи Унгар-Тооро, ки солиёни зиёде ҳаст мавзуъи баҳс ва ташаннуҷи сиёсӣ миёни мардуми нуқтаҳои марзии ин ду кишвар буд ба Қирғизистон бидиҳад.
Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ аз қавли сухангӯйи раисҷумҳури Қирғизистон Галина Байтерек навиштаанд. Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ бошандагони ноҳияи Сӯх минбаъ метавонанд озодона марзи давлатиро убур кунанд.
Ба гуфтаи Байтерек ин яке аз тавофуқоти ҳосилшуда бар пайи нахустин сафари давлатии дурӯзаи Содир Ҷаборов раисҷумҳури нави Қирғизистон ба Ӯзбекистон будааст. "Масоили боқимондаи баҳсноки марзвӣ ва масъалаи аломатгузориву таъини онҳо аз сӯйи комиссияи вижа, ки аллакай чандин нишастро бо ҷониби кишвари ҳамсоя гузаронидаанд, ҳал карда мешаванд",-гуфтааст сухангӯйи Ҷаборов.
11 март Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пас аз дидор бо Содир Ҷаборов дар брифинг ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки аломатгузории марзи давлатиро то се моҳи дигар ба охир бирасонанд.
Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон як ноҳияи умдатан тоҷикнишин (99,2%) буда, ки дар ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон дар марзи ноҳияҳои Қадамҷову Бодканд ҷойгир аст ва 135 км тӯл дорад. Ҳамчунин дар ноҳия қирғизҳову ӯзбекҳо низ ба сар мебаранд. Аҳолии ноҳия наздик ба 80 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Ноҳияи Сӯх баъди чандин бор таъсис ёфтану барҳам хӯрдан дар замони Шӯравӣ, соли 1990 дубора дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон таъсис дода шудааст ва яке аз нуқтаҳои сербаҳс дар қазияҳои марзии ин ду кишвар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.