Фардо дар Маскав, бо мизбонии Русия нишасти сулҳи Афғонистон доир мешавад, ки ҳайати давлати Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи ин кишвар имрӯз озими Русия шудааст. Дар як соли ахир Маскав бори дувум аст, ки барои барқарории сулҳ дар Афғонистон нишаст баргузор мекунад.
Ин нишаст ҳамагӣ як рӯз давом мекунад ва дар назар аст раҳбарон ва намояндагони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо гуруҳи “Толибон” дар бораи суръат бахшидани раванди музокироти сулҳ, тақвияти музокироти Давҳа, коҳиши хушунат ва тақвияти як Афғонистони мустақил, худкифо ва орӣ аз терроризму маводи мухаддир баҳсу табодули назар мекунанд.
Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, имрӯз бо нашри хабарномае гуфтааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо даъвати расмии Русия ба ин нишаст меравад ва бо намояндагӣ аз Афғонистон дар он ҷо ширкат ва суханронӣ мекунад.
Нишасти Маскав, фардо, панҷшанбе, 18-уми март тавассути кишварҳои узви гуруҳи 3+1 барои суръат бахшидан ба музокироти Давҳа баргузор мешавад.
Аммо ҳайати давлати Афғонистон ба Маскав тавассути нишаст дар фурудгоҳи Тошканди Ӯзбекистон сурат гирифтааст. Дар фурудгоҳи Тошканд ҳайати Афғонистонро вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов истиқбол гирифтааст.
Дар ҳайати зери раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ чеҳраҳои сиёсие чун Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Муҳаммадкарим Халилӣ, раиси Ҳизби ваҳдати миллии Афғонистон, Маъсум Истоникзай, раиси ҳайати расмии музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа, Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, Абдурашид Дӯстум, пешвои турктаборони Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр ва дар маҷмуъ 20 чеҳраи сиёсии ин кишвар шомиланд.
Дар ин нишаст ҳамчунин Русия аз Покистон, Чину Амрико низ барои ширкат даъват кардааст. Амрико гуфтааст ин кишварро Зулмай Халилзод фиристодаи хоси ИМА дар умури Афғонистон намояндагӣ хоҳад кард.
Гуруҳи “Толибон” низ эълом кардааст, ки як ҳайати даҳнафариро бо роҳбарии Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсӣ ва раиси Дафтари ин гуруҳ дар Қатарро ба Маскав мефиристад.
Нишасти сулҳи Маскав барои Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти сулҳи ин кишвар дар Давҳаи Қатар баъди ду моҳи баргузорӣ, ки бидуни натиҷаи хосе ба поён расид, мутаваққиф шудааст. Ҳарчанд талошҳо барои дубора аз сар гирифтани онҳо сурат гирифт, вале ин музокирот дубора оғоз нашуданд.
Ахиран ИМА як тарҳи пешниҳодии сулҳро ба Кобул овард, ки мувофиқи он бояд ҳукумати оянда дар Афғонистон бо истеъфо кардани ҳукумати феълӣ ва ташкили як ҳукумати интиқолӣ, сохта шавад. тарҳе, ки вокунишҳои бисёр густарда дар Афғонистон дошт.
Раисҷумҳур Ғанӣ ва муовини аввали он Амруллоҳ Солеҳ гуфтаанд, ки ин тарҳ дар ҳеч сурат пазируфтанӣ нест ва ягона роҳи интиқоли қудрат дар Афғонистон, риояи Қонуни Асосии ин кишвар аст.
Ҳамчунин бар асоси ин тарҳи сулҳи пешниҳодии ИМА бояд ба наздикӣ дар Анқараи Туркия Конфронси сулҳи Афғонистон доир шавад, ки дар он бояд ҳайати босалоҳияти раҳбарони Афғонистон ширкат кунанд ва сарнавишти сулҳи Афғонистонро рақам зананд. Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки нишасти Анқара кай баргузор мешавад ва чӣ касе дар ҳайати раҳбарону сиёсиюни Афғонистон шомил хоҳанд шуд.
Аммо нигаронии хос дар ин маврид дар ҷомеаи Афғонистон ин боқӣ мондааст, ки калиди сулҳи Афғонистон дар куҷост: Маскав, Давҳа ё Анқара?
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.