Як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16-уми март ӯ дар хонааш бо ҳамсараш, зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ мезанад ва сипас ӯро ба замин афтонида, бо корд ба аъзои баданаш зарба мезанад, ки дар натиҷа зан зарари ҷисмӣ бардоштааст.
“Баъдан, ба духтари хурдсоли 6-солааш, ки аз тарс дод задааст, бо корд ба баданаш зарба мезанад, ки духтарча ҳам ҷароҳат мегирад”, – омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, дар идома номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳатдор кардааст.
“Инчунин номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан, ҳамсояаш, марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ба ӯ низ зарари ҷисмонӣ”, – гуфта мешавад дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи сабабҳои ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор қарор гирифта, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.