Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин-2008 супурдани мукофотҳо аз ҷониби кумитаи мазкур ва ширкати «Вавилон-М» доир мегардад.
Корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Кумитаи Милли Олимпии ҷумҳурӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти гӯштини тарзи озод Юсуф Абдусаломовро бо мукофоти пулии 5 ҳазор ва соҳиби медали биринҷии мусобиқоти дзюдо Расул Боқиевро бо 3 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз ширкати «Вавилон-М» мукофоти пулии ваъдагиро ба ҷоизадорони олимпиада, ки барои касби мақоми дуввум 20 ҳазор ва саввум 10 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд, ба соҳибонашон хоҳад супурд.
Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо – варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
73 кг
), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то
81 кг
), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то
90 кг
), Виталий Корякин (гӯштии озод, то
60 кг
), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то
84 кг
), Шералӣ Достиев (бокс, то
48 кг
), Анвар Юнусов (бокс, то
51 кг
), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то
81 кг
), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,
69 кг
) мебошанд.