Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Автомошинаи шоҳҷоизаи бузкашии Суғдро барои сеюмин бор аспи Буҳрон соҳиб шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Автомошинаи шоҳҷоизаи бузкашии Суғдро барои сеюмин бор аспи Буҳрон соҳиб шуд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Аспе бо номи Бӯҳрон, ки моли Фурқат Икромов сокини шаҳри Исфара аст, таҳти савории Абдураҳмон паҳлавон бори сеюм дар мусобиқаи бузкашии вилояти Суғд соҳиби ҷоизаи асосӣ шуд.

Рӯзи 27-уми март низ дар мусобиқаи бузкашӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки дар ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд Абдураҳмон паҳлавон аз ноҳияи Спитамен бо ҳамин аспи Бӯҳрон соҳиби мошини Ваз-2107, 8,5 ҳазор сомонӣ, як телевизору як қолин гардид.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар ин мусобиқаи бузкашӣ беш аз 700 човандоз аз қаламрави Тоҷикистон ба иподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд.  Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ бо ташаббуси ҳукумати вилояти Суғд баргузор гардид ва Раҷаббой Аҳмадзода раиси ин вилоят низ дар ин маросим ҳузур дошт.

Дар мусобиқаи бузкашӣ ҷоиза барои расонидани буз ба майдони поён ва боло аз 150 то 250 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ муқаррар буд. Барои бузкаши ғолиб мақомот ҷоизаи асосӣ як мошини Ваз-2107 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ телевизору қолин гузошта буд. Аммо дар ҷараёни бузкашӣ ин маблағ то ба 8,5 ҳазор сомонӣ зиёд шуд ва мошину ҷоизаи пулӣ насиби Абдураҳмон паҳлавон гардид.

Дар даври сабқати атптозӣ беҳтарин ё худ пойгаи аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахелтекинӣ сокини шаҳри Хуҷанд Некрӯз Мирзоиброҳимов соҳиби Ҷоиза мошини Ваз-2107 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ,  телевизор ва як қолин гардид. Ин човандози Хуҷанд  бо аспи худ масофаи 2200 метрро дар 2,23 дақиқа тай намуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.