Имрӯз назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии собиқ бозори “Зелёний”-и шаҳри Душанбе издиҳоми мардум ҷамъ омаданд, ки ба хатсайрҳои доимӣ ба шаҳри Маскав билет харидан мехоҳанд.
Хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, ки кормандони нуқтаҳо ба танаффуси нисфирӯзӣ рафта, лекин одамон ин ҷо истода, онҳоро мунтазиранд.
Дар фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши билетҳо оғоз гардида, онҳо маҳз дар ҳамин нуқтаҳои мушаххас фурӯхта мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз намояндагони ду ширкати ҳавопаймоии Utair ва "Сомон Эйр", ки ба Маскав парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд, ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки билетҳо ба ин хатсайрҳо ҳоло ба фурӯш бароварда нашудааст.
Ҳар ду ширкат ҳам нархи билетҳоро аз Душанбе ба Маскав 349 доллар ва аз Маскав ба Душанбе – 143 доллар муқаррар кардаанд.
Парвози нахусти ширкати Utair бо ин хатсайр аз Душанбе ба Маскав рӯзи 3 апрел соати 2-шаб сурат мегирад. “Сомон Эйр” низ дар бораи анҷоми аввалин парвоз бо хатсайри доимӣ аз Душанбе ба Маскав хабар дод. Он рӯзи 6 апрел дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.