Дар Душанбе аз 2 то 4 апрел Ҳафтаи мӯди Tajikistan Fashion Week баргузор шуд.
Дар он даҳҳо тарроҳон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ширкат варзида, духтарон-моделйерҳо сарулиосҳои гуногунро намоиш доданд.
Навбатдори мо дар шаҳр аз ин чорабинӣ боздид намуда, аз ҷараёни баргузории он гузориши видеоӣ таҳия кард.
Созмондиҳандаи расмии Ҳафтаи мӯди Tajikistan Fashion Week иттиҳодияи эҷодии "T&Z" мебошад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ фароҳам овардани имкон ба тарроҳони боистеъдод барои намоиши кори онҳо дар мӯди касбӣ, кумак ба онҳо ҷиҳати расидан ба сатҳи нав, ҷалби таваҷҷуҳ ба арзишҳои нотакрори сарулибоси анъанавии миллӣ, паҳлӯҳои хос ва гуногуншаклӣ дар таносуб бо тамоили мӯди муосир унвон мешавад.
Дастгирии кулли иттилоотии чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи Расонаҳои “Азия-Плюс”, шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, Limumedia ва дигар расонаҳо таъмин мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.