Додгоҳи олии Тоҷикистон қазияи пурсарусадои маъруф ба парванди ихвониҳоро ба итимом расонида рӯзи ҷумъа, 9-уми апрели соли 2021 ҳукми онҳоро содир кардааст. Дар ин бора як манбаъи хеле наздик ба ин қазия ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод. Ҳамчунин содир шудани ҳукмро дар Додгоҳи олии Тоҷикистон низ таъйид карданд.
Бино гуфти ин манбаъ Додгоҳи олӣ ҳукмаи ҳамаи 103 нафарро содир кардааст, ки дар ин миён танҳо ду нафар бар асоси моддаи "хабар надодан" бо ҷарима муҷозот шудаанд ва боқимондаҳоро аз 5 то 23 сол равонаи зиндон кардаанд. Ин 139 нафар ба гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" ё "Бародарони мусулмон" муттаҳам мешуданд, ки ин созмон дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ ва як созмони ифротгаро шинохта шудааст.
Аз ҷумла ҳукми Муҳаммад Баюмӣ як шаҳрванди Мисрро, ки дар Тоҷикистон устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, манбаи мо 23 сол гуфт. Ҳамчунин ба гуфти ин манба аз Баёнӣ дар ин парванда ҳамчун саркардаи ин гуруҳ ном бурда мешавад.
Ҳамчунин як устоди мисрии дигари забони арабии факултаи забонҳои осиёву аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ба гуфтаи манбаи "Азия-Плюс" Исмоил Қаҳҳоров бародарзодаи Тӯраҷонзодаҳо хонаводаи маъруфи сиёсиву динии Тоҷикистон ҳам дар ин парванда аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ нафарони боқимондае, ки дар ин парванда ба узвияти созмони дар Тоҷикистон мануи "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам буданд, барои панҷ сол равонаи зиндон шуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон то кунун дар ин бора ҷузъиёте надодааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел ба "Азия-Плюс" содир шудани ҳукмро тасдиқ кард ва ваъда дод, ки имрӯз маълумоти лозимро дар ин маврид дар ихтиёри мо мегузорад.
Содир шудани ҳукми ин парвандаи пурсару садо дар ҳолест, ки баррасии парвандаи онҳо наздик ба як сол давом кард ва дар як шароити махфӣ гузаронида мешуд.
Ҳарчанд Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июли соли 2020 зимни нишасти хабарӣ гуфт, баррасии парвандаи "ихвониҳо", "махфӣ" нест. Аммо бархе вакилони гумонбаршудагон қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки парванда зери муҳри "махфӣ" баррасӣ мешавад, биноан, ҳаққи додани маълумотро надоранд.
Шоҳиён дар нишасти хабарии тобистони соли гузашта гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир барраси парвандаи 103 тан гумонбаршудаҳо дар додгоҳ идома дорад. Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, ду нафари муттаҳамон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон "ихвониҳо" бо шаш моддаи Кодекси ҷинояти Тоҷикистон айбдор мешаванд. Аз ҷумла, нисбати 15 нафар барои "хабар надодан", айб эълон шудааст. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, "мардум бояд дар бораи ин парванда маълумот дошта бошанд, бояд донанд ки киҳо хастанд, чаро нисбаташон айб эълон шудааст".
Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июли соли 2020 муҳокимаи парвандаи дастаҷамъонаи гумонбаршудаи ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин"-ро шуруъ карда буд.
Он замон гуфта мешуд, нахустин баррасии парванда дар муассисаи тафтишотии Боздоштгоҳи муваққатии рақами як таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Муҳаммад Раҳмонзода ҷараён гирифт. Бар асоси айбномаи пешниҳодшуда ба боздоштшудагон то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино бар маълумоти тасдиқнашуда, дар миёни маҳкумшудаҳо раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва 20 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар, бахусус Донишгоҳи исломӣ, зодагон ва сокинони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, ноҳияи Рӯдакӣ ва бархе устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.
Бино ба иттилое, ки радиои "Озодӣ" дода буд, чанде аз гумонбаршудагон дар "Маркази маърифат ва таълими маърифат-2012" омӯзгор ва донишҷӯ будаанд.
Боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" (Бародарони Мусулмон) моҳи январи соли 2020, тақрибан ҳамзамон дар чанд минтақаи кишвар сурат гирифта буд.
Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.