Прокуратураи генералии Тоҷикистон як ҳолати таъсиис ба истилоҳ пирамидаи молиявиро аз ҷониби намояндагони ҶДММ “Тозакор” ошкор кард, ки ба қаллобӣ ва фиреби мардум дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон машғул будаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, нисбати якчанд нафари дастдошта дар таъсиси пирамидаи молиявӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
“Тафтишот муайян кард, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ "Аффинаж" (Ltd"Affinage"), ки гӯё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғулбуда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ "Аффинаж" зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб намудааст”, – омадааст дар маълумоти прокуратура.
Гуфта мешавад, бо ин роҳи фиреб аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4 ҳазор доллар гирифта, ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ зиёда аз 150 ҳазор доллар гузаронидаанд.
Зикр мегардад, ки айни ҳол 2 нафар аз аъзои ин гуруҳи ҷиноятӣ дастгир карда шуда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост кардааст, ки шаҳрвандони дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ "Аффинаж" (Тозакор) зарардида ё ин ки аз фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумотдошта ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.