Дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев маҷлиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар он «Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», «Тартиби инъикоси кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм», «Тасдиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи омаду рафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит намудани фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи фаъолияти прокурори низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи маҷлиси якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси нмояндагон Олимҷон Салимов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоҳиров дар бораи аҳамияти ин қарору қонунҳо ибрози ақида намуданд.
Баъзе қонуну қарорҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.