Федератсияи ҷаҳонии ҷудо радабандии нави ҷудочиёни ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон маҳмадбеков дар садри рӯйхати ҷудокорони Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон бо 3580 имтиёз дар радабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор гирифтааст.
Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии ҷудо паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар вазн қарор гирифтаанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.
Аз Тоҷикистон ҳоло танҳо ду варзишгар Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд. Комроншоҳ бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона, дар мақоми 21-ум қарор дорад.
Дар радабандии олимпӣ мақоми ҷудокорони дигари тоҷик: Беҳрӯз Хоҷазода бо 2796 мақоми 25-ум, Акмал муродов бо 1024 мақоми 51-ум, Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз дар мақоми 51-ум ва Шаҳбоз Саидаброров бо 876 мақоми 57-умро гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.