spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Масъулият барои риоя накардани қонуни танзим ва ҷашну маросим сангинтар шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 21 апрел аз пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар бораи тағйирот ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ, ки ба ҳаҷми ҷаримаҳо барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” дахл дошт, дастгирӣ намуд.

Пас аз ҷаласаи парлумон раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода дар шарҳи ин масъала ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки минбаъд шахсони воқеӣ, ки меъёрҳои қонуни зикршударо риоя намекунанд дар ҳаҷми аз 100 то 130 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахсони мансабдор – аз 250 то 280 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима мешаванд.

Қаблан ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 100 то 120, шахсони мансабдор – аз 250 то 270 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 520 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар шуда буд.

Ҳамчунин барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, ки замони эълони вазъи фавқулода дар кишвар дар робита ба паҳншавии эпидемия дастурҳои ситоди ҷумҳуриявиро вобаста ба баргузории ҷашну маросимҳо риоя намекунанд, низ ба ин монанд ҷаримаҳо ҷорӣ шудааст.

Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсоне, ки меъёрҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд, пас аз гузашти шаш моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...