Дар шаҳри Бохтар аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар духтарон бо сарулибоси миллӣ иштирок карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр.
Иқдоми мазкур 21 апрел бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуд.
“Ҳадаф аз баргузории аксия арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии занону бонувон ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ миёни ҷавонону наврасон маънидод карда шуд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳри Бохтар.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни аксия дар кӯчаи марказии шаҳр – аз бинои маъмурии ҳукумати шаҳр то гулгашти ба номи 70-солагии водии Вахш ба масофаи 500-600 метр роҳпаймоӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар гузаронидани аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” духтарони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ва коллеҷҳои тиббӣ иштирок карданд.
Дар ҳамин ҳол, дар дастгоҳи раиси шаҳр изҳор намуданд, ки сарулибос аз ҳисоби худи духтарон дӯхта шудааст. Вобаста ба андоза ин гуна сарулибос аз 250 то 320 сомонӣ нарх дорад.
Суратҳо аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.