Пандемияи COVID-19 шумори варзишгарони гирандаи ҷоизаи ҳамасолаи сарвари давлатро ба таври назаррас кам кард.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарини соли 2020 ҳамагӣ ба 4 нафар варзишгар тақдим карда шуд.
Гуштингирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё-2020 аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10 000 ба мураббӣ) сарфароз гардиданд.
Инчунин Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) шуданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2019 36 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ҷоизаи президент соҳиб шуда буданд. Соли 2018 рекордӣ шуда буд: дар ин сол 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарин соли 2015 таъсис дода шуд. Соли 2016 ба 21 нафар, 2017 – 26 нафар, 2018 – 74 нафар ва 2019 – ба 42 варзишгар ин ҷоизаи президент тақдим шуд. Маблағи ҷоиза давоми ин солҳо вобаста ба натиҷаҳои бадастомада ва навъи варзиш аз 15 000 то 300 000 ҳазор сомониро ташкил дод.
Гуфта мешавад, бо сабаби пандемияи COVID-19 ва маҳдудият сафар ба хориҷа, аз моҳи марти соли 2020 тамоми мусобиқаҳо ё барҳам хурданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд. Ҳамаи ин ба нисбатан паст шудани натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои стаҳи ҷаҳонӣ боис гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.