spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Агар пойгоҳи низоми ИМА дар Осиёи Марказӣ таъсис шавад, чӣ пайомадҳо дорад?

Гузоришҳо дар бораи эҳтимоли ҷойгиршавии низомиёни ИМА дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба унвони гузинаҳо зикр шудаанд, муҳимтарин хабар дар моҳи охир ба шумор меравад.

Иттилои мазкур дар пасманзари равандҳои ҷории Афғонистон ва сенарияҳои эҳтимолии рушди он мақоми хосаро пайдо мекунад. То ин дам чанд хабару гузориш перомуни ин масъала аз дидгоҳҳои гуногун дар матбуоти минтақавӣ дар мавриди зарфияту камбудии ҳар як давлат ба нашр расиданд, ки бешубҳа вижа будани мавзуро ба намоиш гузошт.

Пешбинӣ мешавад, ки баъди нашри мушаххасот гузоришу мақолаҳои зиёде дар ин мавзуъ навишта шаванд. Эҳтимоли зиёд масъалаи мазкур ба мавзуи муҳими ҷанги иттилоотӣ низ табдил ёбад ва аз рӯйи таҷриба рақибони геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ барои тарс додани элитаи кишварҳои эҳтимолии қабулкунандаи пойгоҳ фаъолияти васеъро ба роҳ мемонанд. Шояд ягон мушкилоти ногаҳоние низ барои давлати эҳтимолии пазиранда пайдо шавад, ки ҳамаи инро метавон ҳамчун фишор баррасӣ кард.  

Шароити хоси давлатҳо ва масъалаи таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пойгоҳи низомии вақти ИМА дар Қирғизистон

Мавзуъи пойгоҳи давлатҳои абарқудрат дар Осиёи Марказӣ бо назардошти фазои геополитикии минтақа бо як ҳассосият аз ҷониби Русия қабул мешавад. Чунки расман танҳо ин давлат неруҳои ҳарбии худро дар минтақа мустақар намудааст ва ворид шудани ҳама гуна кишвари рақиб ба минтақа ба таври манфӣ баҳогузорӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур кушиш мекунем то бо фарогирии мухтасари масъала паёмадҳои эҳтимолии таъсиси пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказиро баррасӣ кунем. Пеш аз баррасии мавзуъ бояд ба назар гирифт, ки се кишвари номбаршуда шароитҳои хос доранд, ки зикри онҳо муҳим аст:

– Қазоқистон ва Тоҷикистон узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ-СААД (ОДКБ) ҳастанд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои дохилии ин созмон – кишварҳои узв бо гирифтани розигии ҳамаи аъзо дар қаламрави худ барои таъсиси пойгоҳи ҳарбии давлати дигарро иҷозат медиҳанд. Табиист, ки бо назаррдошти вазъи кунунии муносибатҳои Русия бо ИМА (ба хусус дар масоили марпбут ба Укроин) ин кишвар ҳаргиз хоҳони бозгашти ҳузуринизомии Амрико ба Осиёи Марказӣ нест, чун фаъолияти зиёди Маскавро, ки то соли 2014 анҷом дода шуд, бенатиҷа мегардонад.

– Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон (дар таҳрири соли 2012) зикр шудааст, ки дар қаламрави ин кишвар пойгоҳи ҳарбии давлатҳои дигар вуҷуд дошта наметавонанд. Инчунин ин кишвар дар фаъолияти созмонҳои ҳарбию сиёсӣ ширкат намеварзад. Ин нукта баъди соли 2005 вобаста ба ҳодисаҳои Андиҷон ва берун шудани неруҳои ИМА (2005), дубора ворид шудан ба СААД (2006) ва дубора бекор кардани узвият (2012) ба миён омада буд, вале ин таъкид барои ҳузури неруҳои ҳарбии Олмон дар қаламрави Ӯзбекистон ва узвият дар СҲШ монеаъ нашуд.

Дар умум, агар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт тасмими қатъӣ гиранд, сарфи назар намудани омили беруна, бахусус мавқеи кишварҳои манфиатдор ғайриимкон аст. Чун мушкилоти сунъӣ, низои нохоста ва ё дигар масъалаи ҳассос метавонад зуд пайдо шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пойгоҳи низомии 201-уми Русия Дар Тоҷикистон

Паёмадҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ: зикри нуктаҳои асосӣ

Таъсиси пойгоҳи ҳарбии ИМА дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кадом паёмадҳо дошта метавонад ва кадом нуктаҳо бояд ба назар гирифта шавад:

Якум, бо рӯйи даст гирифтани “Шабакаи шимолӣ” дар соли 2008 аз ҷониби кишварҳои узви НАТО, ки барои таъмини ISAF аз тариқи Осиёи Марказӣ истифода мешуд, сатҳу муҳтавои муносибатҳои дохилиминтақавӣ комилан дигар шуд. Ин мавзуъ, шуруъ аз соли 2010 дар арафаи берун рафтани неруҳои асосии ISAF (бояд то соли 2014 аз Афғонистон берун мерафтанд), рақобати шадиди кишварҳоро барои истифода шудани қаламраву зерсохтҳои нақлиётии онҳо ба вуҷуд овард.

Аз ин дидгоҳ, агар имруз “Шабакаи шимолӣ” барои берун намудани таҷҳизот, молу коло ва неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон истифода шавад, эҳтимол рақоботи шадиди дигарро ба вуҷуд меорад. Чунки кишварҳо бо пешниҳод намудани ҳудуди худ маблағи муайян ва то ҷое аслиҳаро низ ба даст меоранд. Такрор шудани ҳодисаи соли 2010-2011, вақте як кишвар мехост пурра ба даст овардани нафъ аз берун рафтани неруҳо аз Афғонистон тариқи Осиёи Марказӣро дар ихтиёр дошта бошад, имконпазир аст. Эҳтимол дастовардҳои охири ҳамкориҳои наздики минтақавиро низ зери суол барад.

Бинобар ин, агар ҳамоҳангии кишварҳо дар маҷмуъ сари ин масъала сурат гирад, эҳтимоли ҳифз шудани манфиатҳои онҳо бештар аст. Чун агар якҷоя бошанд, масунияти бештарро нисбат ба фишорҳои беруна пайдо мекунанд ва инчунин эҳтимоли зидди ҳам истифода кардани онҳо низ паст мешавад. 

Дуюм, таъсиси пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказӣ рақобати давлатҳои абарқудратро дар минтақа зиёд мегардонад. Чунки ҳузури ҳарбии Амрико дар минтақа аз ҷониби Русия ва Чин бо як ҳассосият қабул ва баҳогузорӣ мешавад. Таҷрибаи солҳои пештара нишон медиҳад, ки эҳтимол Маскав ва Пекин фишорро ба ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар менамоянд ва ё алтернативаи дигарро пешниҳод мекунанд. Дар умум, иқдоми Амрикиро барои тавсеа додани ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ бо ба назаргирии ҳадафҳои зерини ин кишвар баҳогузорӣ кардан мумкин аст:

1. Ҳадафи аввалилдараҷа: коҳиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ё рақобати ИМА бо Чин. Дар анҷоми маъмурияти Трамп дар моҳи ноябри соли 2020  “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, ки пештар террористӣ шинохта мешуд, аз руйхати чунин созмонҳо бароварда шуд. Ин иқдом ба маъмурияти Байден имкон медиҳад, ки василаҳои мухталифро дар рақобот бо Чин истифода кунад ва эҳтимол ҳаракати мазкур ҳамчун “созмони миллию озодихоҳӣ” ё бо номи дигар кор ояд. Шадид шудани рақоботи ИМА ва Чин дар саросари ҷаҳон, аз он ҷумла дар Осиёи Марказӣ оқибати хубе надорад, чун мушкилоти ғайриқобили пешбиниро барои давлатҳои минтақа ба вуҷуд оварда метавонад. Агар фарзи мисол гуруҳҳои террористию ҷангандаи хориҷии мустақар дар шимоли Афғонистон бар зидди Пекин иқдом кунанд, минтақа бо мушкилоти ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад.

2. Ҳадафи дуюмдараҷа коҳиши нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ ё рақобати ИМА бо Русия. Сарфи назар аз навиштаҳои гуногуни коршиносони Русия ҳузури васеъи ИМА дар Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама ба муқобили Чин нигаронида шудааст. Шояд рақобат бо Русия ҳадафи дуюмдараҷа бошад, ки ҳар вақти дигар метавонад шумораи аввал шавад. Русия таъсиру нуфузи ҷиддиро дар Осиёи Марказӣ ҳифз намудааст ва коҳиш додани он кори осон нест, вале тавре таҷрибаи охир нишон медиҳад – имконпазир аст. Иқдомҳои охири кишварҳои ғарбӣ барои коҳиши нуфузи Русия дар фазои иттилоотии минтақа бо дастгирии расонаҳои нав бо забонҳои давлатии Осиёи Марказӣ дар дарозмуддат шояд натиҷа орад, чун пеш аз ҳама бар зидди иқдомҳои давлатҳои рақиби онҳо нигаронида шудааст. Дар умум, рақобати ИМА ва Русия низ дар Осиёи Марказӣ оқибати хуберо барои минтақа надорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таъсиси пойгоҳи низомии Русия: ваъдаҳои азёдрафта

3. Густариши ҳамкориҳо дар доираи формати C5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА), ки муносибатро дар самти пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, инчунин иқтисоду зерсохтҳо дар назар дорад. Татбиқи лоиҳаҳое, ки аз сӯйи Амрико ҷонибдорӣ ва сарпарастӣ мешаванд ба он оварда мерасонад, ки Афғонистон бо Осиёи Марказӣ пайванд мегардад. Аллакай имрӯз баъзе коршиносони узбекистонӣ Афғонистонро ҷузъи Осиёи Марказӣ медонанд, ки ин метавонад фаҳмиши пасошӯравии минтақаро аз чархиш берун кунад ва як таҳаввули ҷиддиро ба вуҷуд орад.  

Русия ва Чин эҳтимоли зиёд тамоми имконоти худро барои таъсис нашудани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказӣ равона мекунанд. Он рақобате, ки дар фазои иттилоотӣ аз ҷониби расонаҳои маблағгузори ин давлатҳо ба назар мерасад, эҳтимол боз ҷиддитар мегардад.

Сеюм, рақобати қудратҳои глобалӣ дар Осиёи Марказӣ эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои гуногунро дар ҳамсоягии минтақа (масалан вилояти Шинҷон) ва дар дохили он (масалан водии Фарғона ё ҷанги байниқавмӣ) бештар мегардонад. Зеро мавҷудияти пойгоҳҳои ҳарбии кишварҳои мухталиф дар минтақа аз як тараф тавозунро ба вуҷуд меорад ва аз дигар тараф сифату сатҳи таъмини амнияти ҳамаи давлатҳоро коҳиш медиҳад, ки ин як нуктаи зариф дар шинохти масъала мебошад. Яъне вуҷуди пойгоҳи ҳарбии давлати хориҷа танҳо паҳлуи мусбат дар самти таъмини амният надорад, балки таҳдидҳои муайянеро низ ба вуҷуд меорад. Тағйири вазъи статус-кво низ эҳтимол хатарзо бошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Расонаҳои амрикоӣ бо нашри ин акс гуфта буданд ин як пойгоҳи низомии Чин дар Мурғоби Тоҷикистон аст.

Гузашта аз ин дар Осиёи Марказӣ дар 4 соли охир иқдоми зиёде барои коҳиш додани манбаъҳо ва омилҳои дохилии таҳдидофару хатарзо рӯйи даст гирифта шуд ва имрӯз низоми нави муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба шакл гирифта, қадам ба қадам устувор шуда истодааст. Бо таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ вазъи статус-кво эҳтимол тағйир меёбад ва дар ин росто нуфузу таъсири зиёди кишварҳои беруна ба раванди табиии ҳамкорию ҳамгироии давлатҳо эҳсос мегардад, ки таъсири манфӣ ҳам дошта метавонад.

Арзёбии таъсиси пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказӣ

Тавре дар боло ишора шуд, ҳузури ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказӣ фазои геополитикии минтақаро гарм мекунад ва эҳтимол равандҳои ҷолибе моро дар пеш интизор бошад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкурро аз диди нафъу хатар барои мизбон ва барои худи минтақа арзёбӣ мекунем:

ИЗОБРАЖЕНИЕ Неруҳои ИМА дар Афғонистон

Нафъ ва хатар барои мизбон. Кишвари мизбони пойгоҳи ҳарбӣ эҳтимол ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад ва ин нуктаро таҷрибаи Қирғизистон собит мекунад. Чунки дар доираҳои коршиносӣ ҳузури ҳарбии ИМА дар фурудгоҳи Манасро ҳамчун сабаби аслӣ ва таҳрикдиҳандаи қудратҳои рақиби ИМА ва худи ин кишвар барои табаддулоти давлатӣ номбар мекунанд. Таҷрибаи кишварҳои бесубот ва ҷангзада нишон медиҳад, ки неруи эътирозии мардум ба таври зуд ба вуҷуд намеояд ва барои шакл гирифтани он солҳои зиёд лозим аст. Қудратҳои манфиатдор танҳо дар он ҳолат аз вазъ суистифода мекунанд, ки агар худи он “пухта расида” бошад.

Нафъ ба кишвари мизбони пойгоҳи ҳарбӣ дар он аст, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва омодаву такмили ихтисоси кормандони артиш ва дигар неруҳои вижаро аз руи стандартҳои ғарбӣ ба роҳ монда мешавад; сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ низ сурат гирад; сарчашмаи иловагӣ барои пур намудани будиҷа низ бошад ва то ҷое кафолати соҳибихтиёрӣ ва якпорчагиро тақвият бахшад.

Нафъ ва хатар барои минтақа. Дар сатҳи минтақа азрёбӣ намудан мушкил аст, чунки агар давлатҳо бо ҳам барои қабули пойгоҳи ИМА рақобат кунанд, дар интиҳо нисбатан кам ба манфиатҳои худ мерасанд. Агар якҷоя баромад кунанд эҳтимол нафъи бештареро ба даст оранд. Хатар ба минтақа тавре дар боло зикр шуд, ё ба  таври табиӣ ба вуҷуд меояд, ё меоранд. Чунки эҳтимол омили гуруҳҳои экстремистию террористии мустақар дар Афғонистон ва ё кишварҳои дигар барои тарс додани элитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ васеъ истифода гардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пойгоҳи низомии щавоии Русия дар Канти Қирғизистон

Ба таври умумӣ, берун шудани неруҳои ИМА аз Афғонистон то 11 сентябри соли 2021 дар арафаи 20 солагии ҳамлаи террористӣ дар Ню-Йорк ба мисли ба таври доимӣ монданро мемонад. Чунки ояндаи сулҳи ин кишвар мушаххас нест ва пешбинӣ намудани рушди эҳтимолии вазъ дар Афғонистон ниҳоят мушкил мебошад. Ҳузури ҳарбӣ пайдо намудан дар Осиёи Марказиро бо чунин мазмун фаҳмидан мумкин аст.

Таҳлили таҷрибаи истифодаи “Шабакаи шимолӣ” аз ҷониби ИМА дар даҳ соли пеш  ва сиёсатҳои кунунии Вашингтон дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба Ӯзбекистон нигаронида шудааст ва эҳтимол пойгоҳи ҳарбии ИМА шояд бо номи комилан мулкӣ дар ин кишвар таъсис дода шавад.

Зеро: 1) соли равон нишасти нахустини формати шарикии стратегии ИМА ва Ӯзбекистон баргузор мешавад; 2) Имрузҳо барои Ӯзбекистон мақоми махсусро дар ҳалли қазияи Афғонистон ҷудо шудааст ва Формати Тошкандии музокироти сулҳи Афғонистон як иқдоми ҷиддии кишварҳои шимоли Кобули расмиро ба намоиш мегузорад; 3) Ӯзбекистон зарфияти транзитии зарурии интиқоли молу коло ва дигар таҷҳизотро аз Афғонистон аз тариқи қаламрави худ дорад, чунки шабакаи роҳи оҳани ин кишвар то Мазори Шариф пайваст аст.

Дар интиҳо бояд зикр кард, ки давраи “танаффуси геополитикӣ” дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом мерасад ва агар пойгоҳи ҳарбӣ дар яке аз давлатҳо таъсис дода шавад, он боиси боз ҳам бештар шудани таваҷҷуҳи абарқудратҳо гардида, мо шоҳиди як силсила ҳодисаҳо ҳоҳем шуд. Вале масъалаи асосӣ ин аст, ки дар ин шароит манфиатҳои миллии кишварҳо чӣ гуна ҳифз ва татбиқ мешаванд? Ба ин савол ҳоло посух пайдо кардан мушкил аст ва ҳамаро вақт нишон хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...