Рӯзи 28 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ду тараф бар асари тирборон ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳоли ҳозир тирандозӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва деҳаҳои Чорбоғ, Сурх ва Сомониёни Тоҷикистон расман қатъ шудааст, аммо даргириҳои парокандае сари чанд вақт сурат мегирад.
________________________________________________________________________________________________
10:33 – Қирғизистон
Дар Қирғизистон хонаҳои вайроншуда аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд
Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки ҳамаи хонаҳо ва дигар иншооте, ки бар асари муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон тахриб (вайрон) шуданд, аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.
“Хонаҳои сокинони вилояти Ботканд, ки дар натиҷаи рӯйдодҳои ахир дар қитъаҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон осеб диданд, пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, манзилҳои шаҳрвандони Қирғизистон, ки дигар барқарор карданашон имкон надорад, низ дубора бепул аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.
Ба гуфтаи муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Урматбек Шамирканов, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканд 78 хона қисман ё пурра тахриб шудааст.
Ҳамчунин 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 8 мағоза, 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 2 мактаб, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва бинои ШКД-и маҳаллӣ тахриб шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша 178 шаҳрванди Қирғизистон захм бардошта, 34 нафар ҳалок шудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун расман дар бораи шумори хонаҳои сӯхтаву иншооти осебдида, ҳалокшудагону захмбардоштагон дар Исфара маълумот пешниҳод накардааст.
Ба қавли сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, дар низои мусаллаҳона дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин деҳа зиёда аз 10 хона вайрон шудааст. Ҳамчунин тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар ин муноқиша зиёда аз 100 нафар осеб дида, 16 нафар ҳалок шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
🕐 12:10, 2-уми май, Бодканд
Гуфтушунидҳо то соати 3-и субҳ ва имзои протокол
Дар вилояти Бодканд нишасти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъину аломатгузории марз давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҳайатро аз ҳарду тараф роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд.
Тибқи иттилои расонаҳо, музокирот шоми дирӯз оғоз ёфта, соати 3-и субҳи имрӯз ба поён расид.
Ҷонибҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.
Тавофуқоте барои шиддат бахшидани тавзеҳи бештар дар маврриди таъини хатти лоиҳавии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ ҳосил шуд
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматӣ Протоколи муштарак ба имзо расид. Аммо, ҷузъиёти протокол то ҳол ошкор нашудааст.
______________________________________________________________________________________________________
🕐 23:36, 1-уми май, Сурх, Исфара
Садои тир шунида шуд
Дар ҳудуди ҷамоати Сурхи Исфара, дар нуқтаи марзӣ бо Қирғизистон садои чанд тир шунида шудааст. Сокинони ҷамоат ба "Азия Плюс" гуфтанд, ки аз ҷониби Қирғизистон оташ кушодаанд. Ин иттилоъоро як манбаъ низ дар маъмурияти шаҳри Исфара ба мо тасдиқ кард.
«Тақрибан соати 21:00 аз ҷониби Қирғизистон ба сӯи хонаҳои сокинони ҷамоати Сурх дар наздикии постгоҳи марзии Тоҷикистон чанд тир парронида шуд. Дар ҳоли ҳозир вазъ ором аст, аммо сокинон ба кӯчаҳо баромада, нигарон ҳастанд ”, – гуфт манбаъ.
______________________________________________________________________________________________________
🕐 23:30, 1-уми май, Душанбе – Анқара
Туркия аз созишномаи оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол мекунад
Имрӯз, 1 май, гуфтугӯи телефонӣ миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Туркия Мавлуд Чавушоғлу сурат гирифт. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи созишномаҳо оид ба натиҷаҳои гуфтушунидҳо байни кишварҳо бо мақсади ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла қарори қабулшуда дар бораи оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъ тавассути музокирот маълумот дод.
Вай аҳамияти гуфтугӯҳои телефонии раҳбарони ду кишварро барои ҳалли вазъ дар марз қайд кард.
Мавлуд Чавушоғлу аз тавофуқи ҳосилшуда дар бораи оташбас ва имзои протоколҳо дар бораи ҳалли вазъи муноқишавӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва азсаргирии музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол кард.
Вай инчунин ӯҳдадорӣ ва манфиати ҷониби Туркияро танҳо дар ҳалли мусолиматомези вазъи кунунӣ итминон дод ва изҳор намуд, ки омодааст барои ҳифзи сулҳ ва ба эътидол овардани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя кумаки ҳамаҷониба расонад.
__
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
______________________________________________________________________________________________________
🕐 23:30, 1-уми май, Афғонистон
Писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар бораи мушкилоти марзии мо
Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъду Қаҳрамони миллии Афғонистон дар зери як матлаби Би-би-сии Форсӣ дар Фейсбук дар робита ба ҳаводиси ахири марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон навиштааст.
“ Замоне буд падари бузургворам бо профессор Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ҷанги дохилии Тоҷикистонро бо диплумосии муфид таваққуф доданд ва мутмаъинам ин мушкили марзӣ низ ҳал бишавад.
Ва умед дорам рӯзе кишварам Афғонистон ба сулҳу оштӣ ва ухуват (бародарӣ) бирасад”,
Суҳроби Зиё
______________________________________________________________________________________________________
🕐 20:48, 1-уми май, Тоҷикистон
Хонаҳои оташзадаи сокинони Хоҷаи Аъло: "ҳам бо силоҳ оташ заданду ҳам бензин рехтанд"
Бештар аз 10 хонаро дар Хоҷаи Аъло оташ задаанду ба мардум хисороти калони молӣ расонидаанд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара хабар медиҳад, ки ин бегоҳ, баъд аз ба имзо расидани протоколи ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки бо мардуми зарардида суҳбат кунанд ва манзараву харобиҳои даргириҳои мусаллаҳонаро аз пеш бубинанд.
Ҳалимҷон Ҷӯраев, хабарнигори "Азия-Плюс", ки чор рӯзи охир дар макони даргириҳо қарор дораду хабарҳои дасти аввалро холисона мерасонад, мегӯяд, ки бештар аз 10 хона дар деҳаи Хоҷаи Аъло оташ зада шудаанд.
Сокинон ба мо мегӯянд, ки қисме аз хонаҳоро бо силоҳҳои оташфишон нишон гирифтаанд ва қисмеро қасдан бензин ва дигар маводи сӯхт пошидаву оташ задаанд.
Низом Шамсиддинов, яке аз ҷабрдидаҳои асосии муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло аст. Ӯ мегӯяд, соати тақрибан 13:00 рӯзи 29 – уми апрел муноқишаи ҷонибҳо аз сангзанӣ ба тирпаронӣ гузашт, ки аввал ҳамсояҳо оғоз карданд. Ду хона поёнтар аз ҳавлии истиқоматии ӯ қирғизҳо дар ҳамсоягӣ ба сар мебаранд. Дар пайи даргириҳо, ки он замон касе аз аъзои хонаводааш дар ҳавлӣ набуд, хонаашро оташ заданд.
Дар натиҷаи ин оташзанӣ 5 тонна гандум, 10 тонна биринҷ, 2 тонна хушкмеваи захиракардааш комилан дар амборӣ хонааш ба коми ин оташ рафтаанд. Ҳамзамон 15 ҳуҷраи хонаи дар тӯли 20 сол ободкардаашт бо амборхонаҳояш сӯхтаву комилан вайрон шудаанд.
Ӯ мегуяд деҳқонӣ мекунад. Ва замонӣ даргириҳо дар хона набуд. Дар давру бари хонаии Шамсиддинов, чанд хона аз болову поён дуртар, 15 хонаводаи қирғиз зиндагӣ мекунанд, ки
Чанд ҳавли поёну болои хонааш ҳудуди 15 хонаводаи қиргизҳо дар ҳамсоягӣ бо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. "Бо онҳо муносибати бо ҳам хуб доштем, аммо чаро якбора ба оташ задани хонаҳои тоҷикон даст заданд, дар ҳайратам. Намедонам, ки ин корро кӣ кард, ҳамсояҳои қирғизам ё нерӯҳои мусаллаҳашон?. Вале мо хонаҳои онҳоро оташ назадем".
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 17:59, 1-уми май, Тоҷикистон
Афғонистон ҳам аз ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ кард
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар робита ба даргириҳои марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон бо нашри изҳороте нигаронӣ карда, идома онро барои ҳарду кишварҳо ва суботи минтақавӣ хатарзо гуфтааст.
Дар ин эъломия аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз вуҷуи дагриҳои мусаллаҳона дар марзи муштараки миёни ду кишвари дӯст ва бародари Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷмуҳурии Тоҷикистон нигарон аст. Афғонистон идомаи танишҳо ва даргириҳои мусаллаҳонаро бар нафъи давлатҳо ва мардумони ду кишвар ва сулҳу суботи минтақаӣ надониста ва орзу мекунад, то ба мушкили пешомада аз тариқи музокирот ва ҷусуҷӯи роҳҳалҳои сиёсӣ ва сулҳомез хотима дода шавад".
Ҳамчунин дар идомаи ин эъломия омадааст, ки Давлати Ҷумуҳурии Афғонистон маротиби таслият ва ҳамдардии хешро ба кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири талафоти ношӣ аз ин даргириҳо иброз дошта, барои қурбониён биҳишти барин ва ба захмиён шифои оҷил истидъо мекунад".
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 17:57, 1-уми май, Тоҷикистон
Фейк | Туркия омода аст, ба Қирғизистон бесарнишинҳои низомии «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад
Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабари кумакии низомии Туркияро ба Қирғизистон тафтиш карда фейк эълон кардааст.
Чӣ санҷида шуд?
1-уми майи соли равон хабаргузории русии Avia.pro хабареро таҳти унвони «Туркия омода аст, ба Қирғизистон паҳпод (бесарнишинҳои низомӣ)-и «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё Анқара ҳозир аст, ба Қирғизистон дар мубориза бо Тоҷикистон ҳама гуна кӯмаки низомии заруриро расонад.
Чанде аз расонаҳои Русия бо такя ба хабаргузории Avia.Pro хабари мазкурро бидуни санҷиш нашру паҳн карда (бойгонӣ), дар ин бора бонг мезананд. Ин хабар дар расонаҳои Қирғизистон ва фазои интернетӣ баҳсу баррасиҳоеро ба миён овард, ки боис ба санҷиши мо шуд.
Ҳукмнома: Фейк
Санҷиш маълум кард, ки ин хабар бофта буда, онро ягон сарчашмаи мӯътамад тасдиқ накардааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Аввалин нуктаи шубҳаноки мавод ин аст, ки дар он ба ягон манбаи дақиқ истинод оварда нашудааст. Ҳамаи он сомонаҳое, ки ин хабарро нашр кардаанд, бо як мазмун ва матни якхела ба хабаргузории Avia.Pro такя кардаанд.
Дар матлаб омадааст, ки хабаргузориҳои Туркия ин маводро бо ишора ба сарчашмаҳои низомие нашр кардаанд, ки аз онҳо ҳатто ном бурда намешавад. Аммо ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар ягон расонаи хабарии Туркия чунин маълумот нашр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи далелсанҷии Қирғизистон – Factcheck.kg, низ хабари мазкурро «Фейк» унвон кардааст.
Пас маълум нест, ки ин маълумот аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад нашр шудааст.
Хулоса
Хабари мазкур, ки паҳнкунандаи он сомонаи русии Avia.pro мебошад, ягон асоси воқеӣ надорад. Чун ин хабар бофтаи маҳз худи ҳамин сомона асту бас. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» унвон мегирад.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 17:10, 1-уми май, Душанбе
Изҳороти Ятимов: "ба мувофиқа расидем, фоҷиа набояд такрор шавад"
Саймумин Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, имрӯз баъд аз анҷоми вохурӣ ва музокирот бо ҳайати ҷониби Қирғизистон изҳор дошт, ки онҳо ҷиҳати қатъи тирпаронӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар марз ба мувофиқа расиданд.
“Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем дар наздиктарин фурсат тамоми мушкилотро ҳал кунем, то ки мардумони мо чун ҳамеша дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд”, – гуфт Ятимов
Ӯ гуфт, “фоҷеае ки дар ноҳияҳои наздимарзӣ рух дод, ҳеҷ гоҳ набояд тарор шавад, зеро дар ин минтақа сокинони осоиштаи ду кишвар зиндагӣ мекунанд”.
Ятимов музокироти имрӯзро хеле натиҷадор унвон кард
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон ҳам баъди ин музокирот гуфт, ки мо протоколи иборат аз чор бандеро имзо кардем, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст.
“Имрӯз мардумони мо рӯзҳои сахтеро мегузаронанд, даврони буҳрониро. Дар мо фоҷиа рух дод, фоҷиаи ду кишвар. Барои мо бисёр душвор буд, ки дар ин рӯзҳо мулоқот кунему корро пеш барем, вале бо вуҷуди ин ҳама бо дастури сарони кишварҳоямон мо ин нишастро гузаронидем. Дар натиҷа тавофуқ кардем, ки даргириҳои мусаллаҳона комилан қатъ мешавад ва неруҳоро аз марз берун мекашем".
Ба ҷуз ин, сар аз имрӯз бо талошҳои ҳамсояҳои муҳтарам ва мо, Худо кунад, ки сулҳу суботи комил дар кишварҳои мо биояд, хусусан дар манотиқи марзӣ. Мо хеле умедворем, ки тасмимҳои гирифтаи мо, ки дар протокол зикр шудаанд, иҷро мешаванд,-гуфт Тошиев.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 17:10, 1-уми май, Душанбе
Хадамоти матбуот: Эмомалӣ Раҳмон ҳаводиси марзро аз утоқи корӣ назорат мекунанд
Сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат Эмомалӣ Раҳмон дар утоқи корӣ ҳузур доранд ва ҳаводис дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро назорат мекунад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ки “имрӯз, шанбе дар утоқи корӣ будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти марзҳо як чизи муқаррарӣ аст. Дар рузҳои корӣ бошад аз соати 7.00 субҳ то бевақтиҳои шаб ва ҳатто дар бисёрии мавридҳо рузҳои якшанбе ҳам аз саҳар то шом Ҷаноби Олӣ дар ҷойи корӣ ҳастанд. Ман аслан ёд надорам, ки Президенти Тоҷикистон рузи истироҳатӣ ва ё рухсатии меҳнатӣ дошта бошанд”.
Манбаъ мегӯяд, ки имруз ба ғайр аз корҳои муқаррарии ҳамешагӣ президент як силсила суҳбатҳои телефонӣ бо сарони кишварҳои ҳамсоя доир ба вазъияти марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон низ доштанд.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 15:41, 1-уми май, Нурсултон- Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон ҳам вазъи марз бо Қирғизситонро баррасӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бораи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, итиллоъ додааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо рӯйи муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид кардаанд.
Имрӯз ҳамчунин дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.
"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.
Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд. Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 15:41, 1-уми май, Бодканд
Гуфтушунидҳо сар шуданд
Дар вилояти Бодканд музокирот байни ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон оғоз ёфт, менависад 24.kg.
Ҳайати Тоҷикистонро рҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев роҳбарӣ мекунанд.
"Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ дар марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон баррасӣ мекунанд" хабар додаанд аз ҳукумати Қирғизистон ба хабаргузории 24.kg.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 15:35, 1-уми май, Исфара – Бодканд
Вохӯрии муовинони вазирони корҳои дохилӣ
Тавре расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, муовинони вазирони корҳои дохилии ду кишвар Суюн Омурзоқов ва Нозим Иброҳимзода дар деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлак мулоқот карданд.
«Пас аз натиҷагирӣ дар бораи таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷонибҳо тавонистанд дар бораи ба эътидол овардани вазъ ба мувофиқа расанд. Фаъолияти сохторҳои қудратии минтақаи Лайлак вилояти Бодканд ва вилояти Суғд пурра таҳти назорати Суюн Омурзоқов ва Нозим Иброҳимзода хоҳад буд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки тирандозиро пешгирӣ намуда, амнияти шаҳрвандонро таъмин мекунанд ва дар якҷоягӣ тартиботро барқарор хоҳанд кард. Ҳоло дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд тамоми чораҳо барои пурра ба эътидол овардани вазъ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ андешида мешаванд », – гуфта мешавад дар хабар.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 13:15 – Душанбе
13:15 – Душанбе-Бишкек
Занги дуввум дар зарфи 24 соат: Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷапаров муноқишаи марзиро дубора баррасӣ карданд
Имрӯз, 1 май, дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.
"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.
Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд. Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.
13:15 – Чоркух
Тақрибан ним соат қабл, марзбонони тоҷик ва сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистонро дар бораи он, ки онҳо дар марз дубора тирандозӣ мекунанд, рад карданд: гӯё ба манзилҳои истиқоматии қирғизҳо аз самти Тоҷикистон оташ кушода шуд.
«Маълумоти паҳншудаи хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эътибор надорад. Тоҷикистон на ба сӯи сокинони маҳаллӣ ва на ба хонаҳои онҳо оташ накушодааст. Мо созишномаи ҳосилшударо риоя мекунем. Ҳарбиён ва техникаи мо дар мавқеъҳои ибтидоии худ қарор доранд", гуфт ба Азия-Плюс як манбаъ дар бахши қудратии ҳукумат.
Сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло, Овчи-Қалача ва Арка низ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки дар марз то ҳол садои тирандозӣ ба мушоҳида нарасидааст.
«Аз субҳ мо садои тирро нашунидаем, ҳатто садои як тир набаромадааст. Вазъият то ҳол мӯътадил аст, аммо тавре ки мо дар ҷониби Қирғизистон мушоҳида кардем, техникаи низомии иловагӣ ворид шудааст», – гуфт як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.
Дар ҳамон ҳол тирандозӣ аллакай дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ, ки хабарнигори "Азия-Плюс" дар он ҷо аст, ба гӯш мерасад. Ба гуфтаи ӯ, аввал аз ҷониби Қирғизистон тирандозӣ карданд, сипас аз ҷониби Тоҷикистон посух доданд.
«Аз мо хоҳиш карданд, ки деҳаро тарк кунем. Ҳоло мо дар ҷои амн ҳастем ”гуфт ӯ.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки баъзе сокинон дар деҳаи Сомониён боқӣ мондаанд, ки намехостанд хонаҳои худро тарк кунанд.
Қаблан Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳор карда буд, ки низомиёни тоҷик дар минтақаи Аркаи ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканд ба сӯи биноҳои истиқоматӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон оташ кушодаанд.
«Деҳаҳо қаблан кӯчонида шуда буданд. Баъд аз соати 12:45 зуҳр вазъ дар марз пуршиддат аст. Воҳидҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мавқеъҳои дифоъиро ишғол кардаанд », – гуфтанд дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, шумораи қирғизҳое, ки дар натиҷаи низоъ дар қисмати марзии қирғизу тоҷик эвакуатсия шудаанд, 27 358 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ Ализа Солтонбекова дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвари ҳамсоя, дар ҷараёни муноқишаи марзӣ 163 қирғизистонӣ маҷрӯҳ шуда, 31 нафар фавтидаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол омори расмиро дар бораи қурбониён ва кушташудаҳо пешниҳод накардааст. Тибқи баъзе гузоришҳо, тақрибан 100 нафар маҷрӯҳ шуда, 8-10 нафар фавтиданд.
18:10, 29 апрел – Душабе-Исфара
Эмолмалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зимни як суҳбати телефонӣ, имрӯз, 30-юми апрел вазъи марзро баррасӣ карда, ба тавофуқ расидаанд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд. Дар ин бора торнамои расмии раисҷумҳури Қирғизистон хабар додааст.
Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон мегӯяд, ки "миёни роҳбарони ду кишвар муколамаи созанда дар рӯҳияи ҳамсоягии неки мубтанӣ бар принсипҳои эҳтироми тарафайн ба тамомияти арзии кишварҳо сурат гирифт".
Дар ин гуфтушунид чораҳои ҳарчи сареътар паст кардани шиддати вазъи бавуҷудомад дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро муҳокима карданд.
Содир Ҷабборов таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки масоили байнидавлатиро тавассути муколама ҳал намуда, вазъи муътадилро дар нққтаҳои марзӣ ҳифз кунад.
Ҷаборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар минбаъд низ дар заминаи дӯстии суннатӣ ва ҳамсоягии чандинасраи халқҳои қирғизу тоҷик тадриҷан ва самарабахш рушд хоҳанд кард.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъи мавҷударо танҳо бо роҳи осоишта ҳал карда, дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд.
Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳо одар мавриди таъину аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон пагоҳ, 1 май дар минтақаи Ботканд баргузор мешавад.
17:40 – Душабе-Исфара
Саймумин Ятимов: то даст ёфтан ба натиҷаи мушаххас мо набояд раванди гуфтушунидро шарҳ диҳем
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мегӯяд, ки мо набояд то даст ёфтан ба тасмими мушаххасе раванди гуфтушунидро шарҳ бидиҳем. Ин дар ҳолест, ки раиси КДАМ Қирғизистон бо расонаҳои гуногуни қирғизӣ мусоҳиба мекунад.
Саймумин Ятимов имрӯз дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" аз шарҳи натиҷаи гуфтушуниди доштааш бо ҳамтои қирғизияш худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки "тибқи меъёрхои ҳуқуқӣ ӯҳдадор ҳастем, ки то масъала ба таври муайян ҳал нашавад, рафти гуфтушунидро тафсир накунем ва ин ба манфиати кор нахоҳад буд".
Ба гуфтаи ӯ расонаӣ кардани ҷузъиёти гуфтушунид, вазъро шадидтар мекунад.
Музокироти ҷонибҳо имрӯз, 30 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин музокирот Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи неруҳои марзбонии ҶТ намояндагӣ карданд. Аз сӯйи Қирғизистон дар ин гуфтушунид раиси КДАМ Камчибек Тошиев, намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев ва сардори Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев ширкат карданд.
Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон хомӯш асту натиҷаҳои мулоқотро шарҳ намедиҳа, раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дарҳол пас аз мулоқот ба чанде аз расонаҳои қирғизӣ мусоҳиба.
Аз ҷумла, дар мусоҳиба бо 24.kg ӯ гуфт, ки ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки неруҳоро аз хати марз берун мебаранд. Дар якчанд рӯ мо мушкили марзро ҳал мекунем, таъину аломатгузорӣ мекунам ва "дарҳол барқарор мекунем",-ваъда кардааст ӯ.
"Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки як метри заминҳои стратегиро намедиҳем. Вале дар назар дошта бошед, ки бидуни гузашт марз таъмин карда намешавад», – гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки пештар, баъди музокироти 16-17 март Тошиев изҳороти пурсарусадое дар мавриди имкони иваз кардани Ворух ба дигар мавзеъҳои вилояти Бодканд дода буд. Ҳатто баъди ин гуна изҳороти раиси КДАМ Қирғизистон, ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти гуфтушунидро расонаӣ накард. Танҳо 9-уми апрел раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ҳангоми мулоқот бо бошандагони Ворухи шаҳри Исфара гуфт, ки дар тамоми давраи музокирот бар сари таъину аломатгузории марз мавзуъи иваз кардани Ворух ҳеч гоҳе баррасӣ нашудааст.
🕐 15:35 – Исфара
Путин гуфтааст, ки омода аст барои ҳалли низоъи Тоҷикистону Қирғизистон миёнҷигарӣ кунад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки омода аст дар ҳалли даргирии миёни Тоҷикистону Қирғизистон миёнҷигарӣ кунад, хабар додааст Дмитрий Песков сухангӯйи Кремлин.
Бидуни шак, бо дар назар гирифтани муштаракоти мо дар пойгоҳҳои гуногун, аз ҷумла СПАД, албатта Путин ҳамеша омода аст барои ҳалли мушкилоди шадид, ки миёни кишварҳои узв сар мезанад, нақши миёнҷигариро иҷро кунад, гуфтааст Песков зимни посух ба суоли ин ки оё имкон ҳаст Путин дар ин қазия миёнрав шавад.
________________________________________________________________________________________________
🕐 15:16 – Исфара
Дар маҳаллаи Сариҷари ҷамоати Чоркуҳи Исфара зуҳри имрӯз, баъд аз намози ҷумъа ду нафар сокини мулкии ин ҷамоатро ба хок супурданд, ки бар асари даргириҳои марзии дирӯз аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шудаанд. Аз ин ду ҷавон кушташуда Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов ном бурда мешавад, ки ҳар ду 26 сол доштаанд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки намози ҷанозаи ин ду ҷавон бо издиҳоми зиёди мардум хонда шуд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки то кунун дар бораи шумораи дақиқи захмиёну кушташудаҳо мақомҳои маҳаллӣ омори дақиқе намедиҳанд.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди шумораи дақиқи қурбониёну захмиён ҳанӯз ба таври расмӣ чизе нагуфтааст. Субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" як манбаъ дар шаҳрдории Исфара шумораи қурбониёнро 10 нафар гуфт.
Аммо Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеи гуногун дастикам аз шахсияти 8 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро мушаххас кардааст:
Салоҳиддин Гадоеваи 28-сола, майор фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳо;
Бахтовар Маҳмудов, ҷавони сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара;
Умедҷон Юсуфов, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Нерӯз Ғафуров, сокини 28-солаи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;
Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳим Ҳошимзода, ҳар ду сокини 26-солаи ҷамоати Чоркуҳ;
Шералӣ Раҳматзода ва Сафар Набиев, ду сарбози қисми марзбонии Исфара;
Ҷониби Қирғизистон омори қурбониён ва захмиҳои ҷониби худро ҳар соат ба таври расмӣ нашр мекунад ва тибқи иттилои охирин дар ин даргириҳои марзӣ 134 нафар аз захмӣ ва 13 нафар ҷон бохтаанд.
________________________________________________________________________________________________
🕐 15:03 – Тошканд-Душанбе-Бишкек
Мирзиёев бо Раҳмону Ҷабборов даргириҳои марзиро баррасӣ кард
Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бар сари даргириҳои ахири марзӣ гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора торнамои расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президенти Узбекистон аз созишномаҳои ҳосилшудаи ҷонибҳои тоҷику қирғизро, ки ба ҳалли ҳарчи зудтари вазъи кунунӣ ва пешгирии авҷгирии он равона шудаанд, дастгирӣ пуштибонӣ кардааст.
Аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо тавассути гуфтушуниду машваратҳо дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ таъкид карда шуд.
Шавкат Мирзиёев бо Содир Ҷабборов низ вазъи марзро баррасӣ кардаву роҳҳои ҳарчи зудтари ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро арзёбӣ кардаанд
Дар ин суҳбат Мирзиёеву Ҷабборов низ бар ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсталаби пайдошуда бар асоси муколама дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ таъкид кардаанд.
________________________________________________________________________________________________
🕐 14:48 – Маскав
ВКХ Русия: Маскав бо нигаронӣ вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекард
Маскав бо нигаронӣ аз вазъи шиддатнок дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
“Мутаассифона, бар асари задухӯрди мусаллаҳона талафоти ҷонӣ ҳаст. Шумори зиёди осебдидагон аз ҳар ду ҷониб. Айни замон вазъият ба эътидол омада, лекин шиддатнок боқӣ мемонад. Ба хешовандони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, ба осебдидагон ҳарчи зудтар шифои комил хоҳонем”, – зикр мешавад дар изҳороти ВКХ Русия.
Гуфта мешавад, Русия аз тавофуқи ҳосилшуда шаби 30 апрел байни тарафҳо оид ба қатъи задухӯрди мусаллаҳона ва оғози гуфтушунидҳо, канор бурдани неру ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад.
“Аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки тариқи гуфтушуниди минбаъда дар рӯҳияи иттифоқчигиву нияти неки ҳамҷаворӣ ба қарордоди устувор ва дарозмуҳлат ноил гарданд, то ки ҷиҳати эътидоли вазъ имкон диҳад ва инчунин барои минбаъд роҳ надодан ба такрор шудани чунин ҳодисаҳо чораҷӯйӣ шавад. Дар ин робита, аз тасмими Бишкек ва Душанбе дар бораи таъсиси Гурӯҳи муштараки корӣ, ки вазифааш аз иттилоотрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин посбониву пайгирии ҷараёни вазъият дар минтақаи назди сарҳадӣ иборат аст, дастгирӣ мекунем”, – омадааст дар изҳороти ВКХ Русия.
Зикр мегардад, ки Русия ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати ҳалли ҳама гуна масоили баҳсӣ тариқи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ, тарзу усули шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ мекунад.
Қаблан СММ, Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистону Ӯзбекистон ва Чин аз вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷонибҳо даъват намуданд, ки мушкилоти пайдошуда бо роҳи мусолиматомез ҳал карда шаванд.
________________________________________________________________________________________________
🕐 12:59 – Пекин
Изҳороти Чин бар сари даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамсояҳои Тоҷикистону Қирғизистонаш муноқиша дар марзро ба таври бояду шояд ҳал хоҳанд кард. Дар ин бора РИА "Новости" дар шабакаи Телеграми худ хабар медиҳад.
________________________________________________________________________________________________
🕐 11:49 – Бишкек
Дар Қирғизистон барои ёрӣ ба Бодканд ҳисоби махсуси бонкӣ кушода шуд
Ҳукумати Қирғизистон ҳисоби махсуси бонкиро ба номи “Дастгоҳи ваколатдори намояндаи Ҳукумат дар вилояти Ботканд” барои мутамарказ намудани ёриҳои ихтиёрии воридшаванда таъсис додааст. Дар ин бора дафтари матбуот кобинаи вазирони ин кишвар хабар додааст.
Гуфта мешавад, ин тасмим дар пайи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъие ки хостори кӯмак кардан ба мардуми зарардида аз муноқиашаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон гирифта шудааст.
________________________________________________________________________________________________
🕐 11:29 – Кӯлканд
Фейк ва иғво
Дар ҷамоати Кӯлканди Исфара тирпаронӣ қатъ шудааст ва дар ҳоли ҳозир дар он ҷо оромист, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз шаҳрдории Исфара. Вале ин манбаъ аз шумораи сокинони зарардида иттилое надод. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд, ки дар деҳаи "Борбордук" (дар ҳудуди ҷамоати Кӯлканди Тоҷикистон) ҷониби Тоҷикистон раиси маҳаллаи Интернатсионалро ба асорат гирифтааст. Дар шаҳрдории Исфара ин изҳоротро "беасос, бардурӯғ ва иғвои навбатии ҷониби Қирғизистон" номиданд.
________________________________________________________________________________________________
🕐 11:20 – Исфара
Раиси вилояти Суғд ба хабаргирии захмиҳо ба беморхонаи Исфара рафтааст
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати захмиҳои даргириҳои ду рӯзи ахири тоҷик марзи Тоҷикистону Исфара ба беморхонаи марказии Исфара рафтааст.
Сухангӯйи раиси вилоят Музаффар Юнусов ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Аҳмадзода аз ҳоли маҷрӯҳон бохабар шуда, дастур додааст, ки барои табобати онҳо ҳар навъ хидмате, ки лозим шавад расонида шавад.
Дар ҳамин ҳол ин манбаъ гуфт, ки то кунун шумораи захмиҳои ҷониби Тоҷикистон дақиқ нашудааст ва ин оморро Ситоди вижае, ки таъсис ёфтааст, мушаххас мекунад. Ин дар ҳолест, ки то ин дам манбаъҳои гуногун аз захмӣ шудани наздик ба 70 нафар гузориш медиҳанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки ин корро Аҳмадзода бо дастури Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст.
Гуфта шудааст, ки барои табобати комили беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон ба он чи ки ниёз доштаанд, таъмин шудаанд.
________________________________________________________________________________________________
🕐 09:01 – Душанбе
Вазири хориҷа: Тоҷикистон аз заминҳояш ҳеч вақт даст нахоҳад кашид. "Иродаи сиёсии қавӣ лозим"
Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати телефониии шаби 29 апрел бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад мушкилот тариқи музокирот ва роҳҳои қобили қабул ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳал шавад. Аммо вазири тоҷик таъкид кардааст, ки кишвараш "ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид".
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизи худ Руслан Казакбоев дар ин суҳбат вазъи душвореро, ки 28-29 апрели соли 2021 дар манотиқи марзӣ ба амал омад, муфассал баррасӣ кардаанд.
"Роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад",-гуфтааст Муҳриддин.
Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад, гуфтааст вазири тоҷик.
Дар ин суҳбат бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид шуда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд, зикр шудааст. Аммо аз ӣҳеч гуруҳи мушаххас ва онҳое, ки гӯй талоши иғвоангезӣ доранд, ном набурдаан.
Вазирон таъкид карданд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.
Ду вазири кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.
________________________________________________________________________________________________
🕐 09:00 – Исфара
Қирғизистон бори навбатӣ реҷаи оташбасро вайрон мекунад
Дар ҷамоати Кӯлканди шаҳри Исфара Ҷониби Қирғизистон ба оташфишонӣ аз силоҳ оғоз намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр.
________________________________________________________________________________________________
🕐 08:30 – Чоркӯҳ
Вазъияти ҳозира дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
Хабарнигори мо дар ҳамон ҷост ва мегӯяд, вазъ орому осоишта аст.
________________________________________________________________________________________________
🕐 08:27 – Душанбе
Нигаронии СММ аз вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муовини намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фархон Ҳақ изҳор доштааст, ки Созмон бо нигаронӣ вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекунад.
Гуфта мешавад, СММ аз оташбас дар минтақаи низоъ истиқбол мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
“Ин вазъро бо нигаронӣ пайгирӣ дошта, хабарҳоро дар ин бора дидем. Ҳамчунин огаҳем, ки ҳар ду давлат – Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи хотимаи оташфишонӣ ба мувофиқа расидаанд. Агар ин дарвоқеъ ҳам рост бошад, аз он истиқбол мекунем”, – гуфтааст ӯ дар брифинг.
Фархон Ҳақ илова намудааст, ки СММ ҳар ду ҷонибро ба гуфтушунид ва ҳалли ихтилофҳо бо роҳи мусолиматомез даъват мекунад.
________________________________________________________________________________________________
🕐 07:15 – Исфара-Ботканд
Маълумоти ахир дар бораи осебдидагон аз даргириҳо: зиёда аз 200 маҷруҳ шуда, беш аз 20 нафар ҳалок шуданд.
Манбаъҳои “Азия-Плюс” дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи зиёда аз 90 нафар осебдида ва ҳудуди 10 ҳалокшуда аз ҷониби Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, то соати 7:50-и субҳи имрӯз (бо вақти Бишкек) 134 нафар шаҳрванди ин кишвар захм бардошта, дар ҷараёни даргириҳо 13 нафар кушта шудаанд.
____________________________________________________________________________________________________
🕐 07:00 – Ворух
“Дар Ворух вазъият ором буда овози тиру таркиш ба гӯш намерасад”-, менависад Instagram-саҳифаи vorukh_news. Ба гуфтаи сарчашмаҳои “Азия-Плюс”, вазъият дар Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло низ ором аст.
🕐 04:30 – Исфара
Ҷузъиёти даргириҳо дар нақли як духтури Ёрии таъҷилӣ аз Исфара: ба сӯям бо снайпер тир андохтанд
Як духтури Ёрии таъҷилӣ аз ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара мегӯяд, рӯзи 29-уми апрел замони авҷи даргирии марзӣ дар ҷамоати Хоҷаи-Аъло панҷ нафар маҷруҳеро, ки дар ҳолати вазнин буданд аз майдони муноқиша берун кашидааст.
Камолиддин Ашӯров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳамаи маҷруҳшудагон сокинони маҳаллӣ буданд, ки аз тиру тӯпи ҷониби Қирғизистон захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт худаш низ чанд маврид ҳадафи нишони снайпери неруҳои қирғиз қарор гирифт, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд ва аз майдони муноқиша берун омад.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 03:11 – Овчӣ – Қалъача
Дар Овчӣ-Қалъача тирпарониҳо дубора оғоз шудааст
Дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст тирпарониҳо дубора оғоз шудаанд. Як манбаъ аз идораи ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба "Азия-Плюс" гуфт, ки бар асари даргириҳо то кунун ҳудуди 8-10 нафар захм бардоштаанд, ки мутаассифона дар миёни онҳо кушташудаҳо низ ҳаст.
Ин манбаъ мегӯяд, ки тирапрониро дигарбора ҷониби Қирғизистон оғоз кард ва бо гузашти бештар аз ним соат тирпарониҳо аз ду ҷониб ҳоло ҳам идома дорад.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 02:39 – Исфара-Бодканд
Омори охирини ду тараф: захмиҳо бештар аз 150 ва кушташудаҳо 7 нафар
Бино ба охирин оморе, ки аз расонаҳои Қирғизистон ва манбаъҳо аз Тоҷикистон ба даст омадаст, дар даргириҳои марзии имрӯз аз ҳарду ҷониб бештар аз 150 нафар захмиву 7 нафар кушта шудаст.
Ҳамоҳангсози вилояти Бодканди Вазорати тандурустии Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки 96 шаҳрванди ин кишвар дар даргириҳо захм бардоштаанду 3 нафар кушта шудааст.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин даргириҳо то 60 нафар захмӣ шудаву 4 нафар кушта шудааст, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз шаҳрдории Исфара.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 00:58 – Исфара
Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар нуқтаҳои марзӣ баъди гуфтушуниди чандсоата бо нашри як изҳороти муштарак аз тавофуқоти ҳосилшуда хабар дод. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки "ҷонибҳо омилҳо ва пайомадҳои ҳодисаи рӯзи 29.04.2021-и рухдода дар марзро баррасӣ карда, ба тавофуқи дуҷониба расидаанд, ки низоъҳои мусаллаҳонаро қатъ мекунанд, ҳайати шахсӣ ва техникаи низомиро ба макони доимии будубошашон мебаранд ва барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани вазъ чораандешӣ мекунанд".
Ҳамчунин аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ду ҷониб барои комилан иҷроӣ шудани тадбирҳои мазкур ва эҷоди шароити баэътидоловарандаи лозим ҷиҳати раванди муассири гуфтушуниде, ки ба манфиати мардумон ва давлатҳои дӯсти ҳарду ҷониб аст, гуруҳи корӣ таъсис медиҳанд.
Зери ин изҳороти муштарак аз ҷониби Тоҷикистон раиси КДАМТ Саймумин Ятимов ва аз сӯйи Қирғизистон намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев имзо гузоштаанд.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 00:31 – Исфара-Бодканд
Гуфтушуниди сарони ниҳодҳои қудратии ҳар ду тараф то кунун идома дорад
Музокироти раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Ифараву Бодканд то кунун идома дорад. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Гуфта мешавад, ки вазирони дифоъ, корҳои дохилӣ ва раисони Кумитаҳаои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар чойхонаи "Ориён"-и шаҳри Исфара ин музокиротро пеш мебаранд.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 00:27 – Нурсултон
Президенти Қазоқистон аз оташбас истиқбол ва аз даргириҳо изҳори таассуф кард
Қосимҷомарт Тоқаев раисҷумҳури Қазоқистон бо нашри як изҳорот аз сар задани даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Исфара изҳори таасуф карда, аз эълони оташбас пуштибонӣ кардааст. Дар ин бора торнамои расмии раисҷумҳури ин кишвар хабар медиҳад.
Тоқаев гуфтааст, ки ниёз аст механизми танзими ин гуна қазияҳои марзӣ дар доираи Дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ коркард шавад.
"Мардуми қирғизу тоҷик бародарони моянд, моро таърих ва арзишҳои муштарак муттаҳид мекунад. Тавофуқи ҳосилшуда бар сари оташбас ва аз оғози гуфтушунид истиқбол мекунам. Бовар дорам, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон хирадмандии лозимро ба кор мебаранду метавонанд ҳама масоили баҳсиро ба таври истисноӣ бо роҳи мусолиматомез ҳал кунанд",-гуфтааст Тоқаев.
Аз сӯйи худ омодаам, ки тамоми талошро барои даст ёфтан ба як тасмими барои ҳарду ҷониб қобили қабул ва барқарор кардани эътимод, бигузорам.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 23:20 – Исфара
Гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз шуд
Дар чойхонаи «Ориён»-и шаҳри Исфара сарони ниҳодҳои қудратии ду кишвар бар сари мизи гуфтушунид нишастаанд то вазъи баамаломадаро муътадил кунанд.
Бино ба иттилои "Азия-Плюс" ҳайати ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, ки раиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон низ ҳаст, раҳбарӣ мекунад.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 23:19- Душанбе
Иттиҳоди Аврупо аз оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пуштибонӣ кард
Намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан шоми имрӯз, дар як сӯбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор кардааст, ки ИА аз оташбаси ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин суҳбат бо ибтикори Буриан сурат гирифтааст ва гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврпуо барои кумаки фаннӣ дар марз омодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин суҳбат бештар вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст. "Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда дар мавриди оташбас ва созиш дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод", — навиштааст манбаъ.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 22:19- Бишкек
Шумори захмиёни ҷониби Қирғизистон ба 46 нафар расидааст
То соати 22.30 шумори захмиёни ҷониби Қирғизистон дар даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба 46 нафар расидааст. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад, ки як нафар то кунун мурдааст. Аммо бархе расонаҳои дигари қирғизӣ шумори кушташудагонро 2 нафар мегӯянд.
Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ки захмиён дар беморхонаи вилояти Бодканд қарор доранд ва ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад.
_______________________________________________________________________________________________________
🕐 22:08- Ворух
Баъди қатъи оташбас ҷониби Қирғизистон хонаи як сокини Ворухро бо нориҷакандоз задаанд
Ҷониби Қирғизистон хонаи як сокини маҳаллаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворухро бо норинҷакандоз задаанд. Дар ин бора Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикон ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ин ҳодиса, тақрибан соати 21:00, баъд аз як соати созишҳо барои қатъи тирпаронӣ рух дод.
Хушбахтона нориҷак ба ҳавлии ин хона задааст ва соҳиби хона дар ин дам дар хона набудаанд ва касе зарар надидааст.
Ғафурҷон Ҷӯраев мегӯяд, ки ҳоло ҳам дар Ворух барқ нест, роҳ баста аст ва ҷониби Қирғизистон неруҳои иловагиро ба нуқтаҳои марзӣ ворид карда истодааст. Манбаъ мегӯяд, ки тирпаронӣ ҳоло бас шудааст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 22:01- Овчӣ-Қалъача
Дар Овчӣ-Қалъача тирпаронӣ қатъ шуд, аммо 7 нафар захмӣ ва як нафар кушта шудааст
Пас аз соати 20:30 дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷонибҳо тирпарониро қатъ кардаанд. Аммо дар тирпарониҳое, ки то ин вақт сурат гирифт аз ҷониби Тоҷикистон 6-7 нафар захмӣ ва як нафар кушта шудааст. Дар ин бора Абдуҳамид Одинаев муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба "Азия-Плюс" хабар дод.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 21:26- Исфара
Дар Ворух барқ нест, ноқилҳоро буридаанд ва роҳ ба ин ҷамоат баста аст
Бино ба гузориши хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса, тақрибан аз соати 16 ба ин сӯйи имрӯз дар ҷамоати Ворух барқ нест. Гуфта мешавад ҷониби Қирғизистон ноқилҳои барқро тирборон кардаанд ва далели бебарқӣ дар Ворух ҳамин аст.
Ҳамчунин ҳоло роҳ ба сӯйи Ворух аз самти Чоркӯҳ баста аст.
_________________________________________________________________________________________________________
🕐 20:45- Русия
Сарвазири Тоҷикистону Қирғизистон вазъи марзиро баррасӣ карданд
Мулоқоти дуҷонибаи аз қабл ҳамоҳангношудаи сарвазири Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Улуғбек Марипов дар Қазони Русия баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот сарвазирони ду кишвар вазъи баамаломада дар марзи Тоҷикитону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. Ҷонибҳо омодагии комили худро барои ҳалли зудҳангоми даргириҳо дар марзи ду кишвар бо роҳи гуфтушунид изҳор кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.
Нахуствазирҳои ҳар ду кишвар бо иттифоқи оро гуфтаанд, ки барои ҳалли масоили марзӣ истифодаи равишҳои мусаллаҳона қобили қабул нест ва бар зарурати сареъи андешидани тадбирҳо барои ташдид нагирифтани вазъ таъкид кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора шарҳе надодааст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 20:11- Душанбе
Тоҷикистон реҷаи қатъи оташкушоиро комилан риоят мекунад
«Бо дастури раҳбарии кишвар ҷониби Тоҷикистон реҷаи қатъи тирпарониро комилан риоят мекунад. Мавзуъ комилан ба чавкоти дипломативу сиёсӣ бозгардонида шудааст. Ин бегоҳ дар Исфара гуфтушуниди сарони мақомоти қудратии ду кишвар сурат мегирад",- гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ВКХ Тоҷикистон.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 20:07- Бишкек
Қирғизистон: Минтақаи обтақсимкунии “Головной”-ро таҳти назорат гирифтааст
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки минтақаи обтақсимкунии “Головной”-ро пурра таҳти назорати худ гирифтааст.
“Ҷониби Қирғизистон ҳузури низомии худро дар сарҳад бо Тоҷикистон бештар мекунад. Дар айни ҳол муноқишаи миёни ҷонибҳо, ҳамчунин бо истифода аз силоҳ аз ду ҷониб идома дорад”-афзудааст Хадамоти марзбонии ин кишвар.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:58- Бишкек
Қирғизистон Ситоди фавқулода таъсис дод
Дар Қирғизистон бар пайи вазъи баамаломада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Ситоди фавқулода барои танзими вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон таъсис дода шуд, – хабар медиҳад "РИА Новости". Аввалин ҷаласаи ин Ситод баргузор шудааст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:50- Бишкек
Ду кушта ва 31 маҷруҳ дар даргириҳои имрӯз аз ҷониби Қирғизистон
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ то соати 19:35 шумори захмиён дар даргириҳои имрӯз ба 31 ва шумори кушташудаҳо ба 2 нафар расидааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Ализа Султонбекова хабар додааст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:40- Душанбе
Вазорати корҳои хориҷии Русия: Вазъи Тоҷикистону Қирғизистонро меомӯзем
Дар Маскав вазъи марзии дар Тоҷикистону Қирғизистон бавуҷудомадаро меомӯзанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар додааст- менависад РИА Новости.
«Метавонам гӯям, айни ҳол мо вазъро омӯхта истодаем”, – гуфт Захарова дар як брифинг имрӯз дар Маскав.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:26- Душанбе
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд
"Бо ибтикори ҷониби Қирғизистон гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии ду кишвар сурат гирифт. Ҷонибҳо ба зарурати ҳалли даргирӣ дар чавкоти дипломативу сиёсӣ таъкид кардаанд. Тавофуқ шудааст: Бегоҳи имрӯз дар Исфара музокироти сарони ниҳодҳои қудратии ду кишвар баргузор мешавад",-хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон.
«Бо дастури раҳбарии кишвар ҷониби Тоҷикистон реҷаи қатъи тирандозиро аллакай риоят мекунад. Мавзуъ комилан ба чавкоти дипломативу сиёсӣ бозгардонида шудааст",-гуфт манбаъ
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:21- Исфара
Дар роҳ ба сӯйи Хоҷаи Аъло низомиёни қирғиз бо снайпер тир меандозанд
Сокинони Хоҷаи-Аълоро намегузоранд аз роҳи асосии ба самти Ворух убур кунанд. Снайперҳои ҷониби Қирғизистон ба сӯйи сокинони осоишта ва мошинҳое, ки аз ин роҳ мегузоранд, тир меандозанд. Тайи чанд соат боз, роҳи асоси Хоҷаи-Аъло-Ворух аз тарафи низомиёни қирғиз баста шудааст.
Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз минтақаи даргирӣ гузориш медиҳад.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:15- Душанбе – Бишкек
Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон вазъи марзро баррасӣ мекунанд
Имрӯз, 29 апрел дар як мулоқоти аз қабл ҳамоҳангношуда сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон вазъи баамаломада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон. Ин дидор дар шаҳри Қазони Русия сурат мегирад.
Интизор меравад, ки мулоқот баъди ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои АвруОсиё сурат бигирад.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:08 – Чоркӯҳ – Хоҷаи Аъло
Се кушта ва 31 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои имрӯз
Дар даргириҳои имрӯзи марзии Тоҷикистону Қирғизистон се нафар кушта ва 31 нафар захм бардоштааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории Исфара хабар дод.
Бино ба хабарҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон то соати 17.00 шумораи захмиёни ҷониби Қирғизистон ба 17 нафар расидааст ва як нафар ҷон бохтааст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 19:00 – Исфара
Шаҳрдори Исфара аз тир захмӣ шудааст
Дар даргирии имрӯзи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки дар миёни издиҳом қарор доошт, аз ноҳияи пушташ захм бардоштааст, хабар дод манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Исфара.
«Вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад, чизи нигаронкунандае нест», – гуфт манбаъ
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 18:20 – Бишкек
Вакилони порлумони Қирғизистон гуфтаанд ба Бодканд мераванд
Расонаҳои қирғизистон хабар додаанд, ки бархе аз вакилони порлумони ин кишвар гуфтаанд, ки ба Бодканд мераванд. Дар ин бора 24.kg бо такя ба дафтари матбуоти порлумони ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта шудааст, ки вакилони порлумони Қирғизистон бар пайи як ҷаласаи фаврӣ гуфтаанд, ки барои ҳали авзоъ ба вилояти Бодканд мераванд.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 18:20 – Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам тирпаронӣ оғоз шудааст, як сокини ин деҳа захм бардоштааст
Муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача Абдуҳамид Одинаев ба "Азия-Плюс" гуфт, ки тирпаронӣ тақрибан соати 15:29 оғоз шуд ва то ҳол давом дорад.
"Тирпаронӣ се километр болотар аз маркази ҷамоат идома дорад. Худи ҳозир ман як нафар захмиро ба беморхона расонидам. Тирпаронӣ бо автомат, пулемёт, норинҷакандоз ва минамиёт сурат мегирад",-гуфт ин мақомдорӣ маҳаллӣ.
Ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 18:20 – Бишкек
Тамоми неруҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи казармавӣ гузаштаанд
Хабаргузории "РИА Новости" бо ткя ба як манбааш дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки тамоми мақомоти қудратии Тоҷикистон бар асари вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба реҷаи казармавӣ гузаштаанд.
_____________________________________________________________________________________________________________
🕐 17:10 – Бишкек
Президенти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш аз мардум, хусусан неруҳои сиёсӣ ва расонаҳо хост хештандорӣ кунанд ва вазъро ба буҳрон накашанд.
Содир Ҷабборов навиштааст, ки "ман ҳамаи сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама, нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳоро даъват мекунам, ки ором бошанд, ба иғвоҳо дода нашаванд, душманӣ ва ихтилофотро наангезанд. Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забони муштарак пайдо хоҳем кард ва ҳама масъалаҳоро танҳо дар сурате ҳал хоҳем кард, ки манфиатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамоҳангиро дар сарзамини бостониамон ба назар гирем. Онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дарун барангезанд, ҳоло хатарноканд. Ман тамоми нерӯҳои сиёсии дохилиро даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор хештандорӣ кунанд"