Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбюуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Вазир ҳисобот дод, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он ба 17,4 млрд сомонӣ баробар шуд.
Ба гуфтаи вазир, рушди мусбати иқтисодиёти миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,4 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,5 фоиз, кишоварзӣ 6,1 фоиз, боркашонӣ 2,1 фоиз, мусофиркашонӣ 2,6 фоиз ва ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 33,9 фоиз, аз ҷумла содирот 1,9 маротиба таъмин гардидааст.
Ба гуфтаи Завқизода, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли 2021 3,3 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа 2,4 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 1,3 фоиз ташаккул ёфтааст.
Даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 дар сатҳи 104,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 6,1 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,9 фоизро ташкил менамояд.
Вазири рушди иқтисод таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шуд.
Доир ба ин масъала ва иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ, пардохти маошу нафақа дар маҷлис вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва дигар шахсони масъул низ ҳисобот доданд.
Баъди ҳисоботи шахсони масъул президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 суханронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди ҳукумат, вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таъсири вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ба иқтисодиёти кишвар, паёмадҳои КОВИД-19, камобӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии маводи озуқа, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини кишт, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрока ва сарфакорӣ дар рӯзгор ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат кард.
Дар муроҷиати худ ба шаҳрвандони кишвар сарвари давлат ба зарурати истифодаи ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолоти кофӣ ва захираи маҳсулоти озуқа, сарфакорӣ дар таъмини рӯзгор ишора кард.
Гуфта мешавад, сохторҳои марбутаи ҳукумат вазифадор шуданд, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду бӯҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар ва омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.