Беш аз 70 зану кӯдаки ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфароро аз минтақаи осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хобгоҳи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷоба ҷо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ба онҳо ёрии аввалия расонида мешавад. Дар ин бора муовини декани ин донишкада ба “Азия-Плюс” хабар дод.
“Мо занону кӯдакони Чоркӯҳро, ки аз минтақаи даргирӣ кӯчонида баданд дар хобгоҳи филиали донишгоҳ ҷойгир кардем. Барои онҳо маҳсулот ва ашёи ниёзи аввал муҳайё шудааст. Дар ҳоли ҳозир онҳо ба чизе ниёз надоранд, вале агар дар ояндаи наздик чизе иловагие лозим шавад, мо ҳатман барои кӯмак муроҷиат хоҳем кард”, – афзуд манбаъ.
Аммо то кунун шумораи дақиқи мардуми кӯчонидашуда аз мавзеъҳои осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ нест. Мақомот гуфтаанд, ки кӯчонидани мардум ба хотири пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст ва ин ҳеч гуна кӯчонидани муташаккилона нест, балки каме ба ҷойҳои бехафтар рафтани мардум аст.
Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.