Дар вилояти Бодканд нишасти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъину аломатгузории марз давлатии ду кишвар баргузор гардид.
Ҳайатро аз ҳарду тараф роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд. Тибқи иттилои расонаҳо, музокирот шоми дирӯз оғоз ёфта, соати 3-и субҳи имрӯз ба поён расид.
Ҷонибҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.
Тавофуқоте барои шиддат бахшидани тавзеҳи бештар дар маврриди таъини хатти лоиҳавии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ ҳосил шуд
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматӣ Протоколи муштарак ба имзо расид. Аммо, ҷузъиёти протокол то ҳол ошкор нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳалимҷон Ҷӯраев хабарнигори "Азия-Плюс", ки аз рӯзи 29-ум дар нуқтаҳои даргирӣ қарор дорад, мегӯяд, ки Саймумт Ятимов раиси КДАМ Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Ворух омада бо мардум мулоқт мекунанд.
Саймумин Ятимов баъд аз анҷоми мулоқот дар суҳбати ҳузурӣ ва бидуни сабт ба хабарнигорон гуфт: "Ҳадафи асосии мо даъвати мардум ба ҳамзистии осоишта аст. Ҳар чӣ буд, гузашт. Феълан бояд талош кунем, ки мардум дар осоиш ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Феълан мо тамоми нерӯҳои низомиро аз марзҳо бозхонд кардем. Низоъи мусаллаҳ дар марз хотима ёфт. Акнун кӯшиш мекунем, ки бандҳои созишнома зина ба зина иҷро шавад ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хотима ёбад".
Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бар сари истифода аз як маркази тақисми об зад, ки ду тараф сари он даъво доранд ва аз они худ мешуморанд. Тоҷикон хостанд, дар ин ҷо дурбини назоратӣ насб кунанд, вале қирғизҳо монеъ шуданд ин аз як баҳси сокинон ва ба даргириҳои мусаллаҳона кашид.
Ҳоло тибқи тавофуқоти ҳоислшуда ду тараф неруҳои худро аз маҳалли даргириҳое, ки сурат гирифта буд, ба берун мекашанд.
Нашри зинда ва лаҳза ба лаҳзаи рӯйдодҳо дар марзро аз ин саҳфаи вижаи "Азия-Плюс" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.