Дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон дар майдончаи варзишии назди мактаби №50 барои аҳолии маҳаллӣ, ки рӯзи 7 май аз боришоти шадид ва фурӯ рафтани қитъаи замин, ки дар натиҷа онҳо бесарпаноҳ монданд, барои зисти муваққатӣ 19 хайма гузошта шуд. Ситоди рафъи оқибатҳои офати табиӣ низ дар ҳамин ҷо амал мекунад.
Дирӯз, 11 май сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз ин шаҳрак бо хаймаҳо боздид намуд. Ӯ аз осебдидагон даъват кард, ки орому осуда бошанду ба воҳима наафтанд ва бесаранҷом нашаванд.
“Ҳукумат баҳри кумаки саривақтӣ ба шумо ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад. Барои бунёди манзили нав ба шумо ҳамаи масолеҳи зарурии сохтмон дода шуда, ба худи сохтмонаш ҳам кумак мекунем”, – изҳор дошт сарвазир.
Расулзода ба Саридораи геология, Кумитаи заминсозӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар муддати 10 рӯз ҷой барои сохтмони шаҳраки навро ба осебдидагон ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд.
“Агар КҲФ намебуд, талафоти ҷонӣ зиёдтар мешуд”
Хабарнигори “Азия-Плюс” аз шаҳраки хаймаҳо боздид намуда, бо сокиноне, ки хонаҳояшон зери замин фурӯ рафт, суҳбат кард.
Назди яке аз хаймаҳо чанд нафар пиронсолон нишастаанд. Мир Олимов ҳодисаи субҳи барвақти ҳамон рӯз рухдодаро чунн нақл кард:
“Нахуст дар масофаи 250 метр дуртар аз хонаи ман хоки замини кишти зироатҳо шуста шуд. Соатҳои 3-4-и субҳ аз хона баромада, раиси ноҳия ва сардори милитсияро дидам, ки дар кӯча истода, доир ба масъалае суҳбат доранд. Назди онҳо омада, пурсидам, ки чӣ кор кунам, зеро хонаи ман ба ҷарӣ аз ҳама наздиктар буд. Онҳо гуфтанд, ки худашон ҳам намедонанд чӣ кор кунанд.
Ба замин нишастаму ҳис кардам, ки замин ҳаракат мекунад, гӯиё заминларза сар шуд. Аз ҷоям баланд шуда, зуд аз он ҷо рафтам ва ногаҳон замин ғеҷида, хонаи ман фурӯ рафт. Акнун на хона дораму на хоҷагӣ, ҳеҷ чиз нест. Ҳамон чизи дар тан доштагиамон монд. Шукр, ки каме пештар мошини обкаши ГАЗ-52-амро ба дигар ҷой бурда будам. Акнун як ҳамон монд”.
Боз Мир Олимов ба имдодгарон иҳори миннатдорӣ мекунад: “Худоро шукр, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба кумаки мо расиданд. Барои мо аз хаймаҳо шаҳрак сохта, бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекунанд”.
Сокини дигар – Қадриддин Давлатов ҳикоят мекунад, ки ба наҷоти танҳо қисмате аз амволаш фурсат ёфтааст.
“Як бор бо мошин баъзе чизҳои заруриро баровардем, лекин маротибаи дуюм муяссар нашуд, вақте ки омадем, гуфтанд, ки дигар хонаи шумо нест”.
Ба гуфтаи ӯ, он замон кормандони КҲФ аллакай дар ҷойи ҳодиса буданду аҳолиро намемонданд, ки ба хонаҳояшон дароянд ва касонеро, ки дар хона монда буданд, ба берун мебароварданд.
“Вагарна талафоти ҷонии зиёд мешуд, чунки ҳама мехост, ки амволашро наҷот диҳад ва намедонистанд, ки ин кор то чӣ андоза хатарнок аст”, – мегӯяд мард.
Холаи Барфак нақл мекунад, ки кайҳост инчониб хонаи худаш ва замини полезро байни ду писараш тақсим кардааст.
“Ҳамагӣ чанде пеш хонаи нави худро сохта будем, шавҳарам вафот карда, бо фарзандон зиндагӣ мекунам. Ана акнун дигар чизе надорем”.
“Бо писари хурдиам ба берун баровардани баъзе чизҳо аз таҳхона оғоз кардем. Шукри Худо, ки кормандони КҲФ маро бо ӯ аз хона пеш карданд. Тасаввур кунед, чун мо аз хона берун шудем, он ба чуқурӣ фурӯ рафт. Ва пеши чашмонамон ҳамаи он чизе, ки тӯли 48 сол ҷамъ кардему сохтем, гум шуд”, – ҳикоят мекунад ин зан.
Шералӣ Олимов аз он изҳори хурсандӣ мекунад, ки ҳамаи аъзои оилааш зиндаву солиманд ва мегӯяд, аз кормандони КҲФ минннатдор аст.
“Дар як дам ҳама чиз гум шуд. Тавре мегӯянд, бо як шим мондем. Ман ҳатто бо яке аз кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муноқиша кардам, ки чаро маро ба назди хона роҳ надоданд. Ба онҳо гуфтам, ки монед бинам чӣ гуна хонаам вайрон мешавад. Вақте каме ором шудам, фаҳмидам, ки онҳо барои бехатарии ман чунин корро карданд. Шукр, ки онҳо ҳамин ҷо буданд. Агар онҳо мардумро аз хонаҳояшон ба берун намебароварданд, талафоти ҷонӣ зиёд мешуд. Аз онҳо миннатдорем”, – мегӯяд Олимбобо.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки кӯдакон бе либос монда, ба мактаб намераванд, зеро либоси мактабии онҳо ҳамроҳи хона зери замин фурӯ рафт.
Олимбобо зикр кард, ки тӯли 50 соли ҳаёташ дар ин деҳа чунин ҳодиса аллакай бори сеюм рух медиҳад. “Вале ҳеҷ гоҳ чунин бузургмиқёс набуд. Хуб аст, ки ин дафъа ҳам касе ҳалок нашуд”.
112 нафар бесарпаноҳ монданд
Пас аз суҳбат бо осебдидагон мо дар кӯчаҳои деҳа гаштугузор кардем. Ин ҷо ҳамаи хонаҳо холианд ва дар ҳар як кӯча се-чор нафар кормандони милитсия ҳастанд.
Онҳо хонаҳоро посбонӣ карда, одамонро ба минтақаи хавфнок роҳ намедиҳанд: ба ин ё он хона танҳо бо иҷозаи ситоди бартараф намудани ҳолати фавқулода рафтан мумкин аст.
Бино ба маълумоти расмии КҲФ, рӯзҳои 7-9 май бар асари шусташавии хок 20 манзилу майдони 100 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ зарар диданд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфӣ, дар рӯзи аввали ҳодиса таҳти сарварии муовини раиси Кумита гурӯҳи кории КҲФ таъсис дода шуд.
"Кормандони мо дар ҳамдастӣ бо ҳукумати маҳаллӣ саривақт аъзои 176 оиларо ба ҷойи бехавф кӯчониданд. Барои 20 оилае, ки манзилашон пурра вайрон шуд, шаҳраки хаймаҳо сохта шуда, онҳо бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мешаванд. Ҳозир дар ин хаймаҳо 112 нафар зиндагӣ доранд”, – зикр кард Юсуфӣ.
Ӯ хабар дод, ки созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ, корхонаву ташкилот ва соҳибкорони маҳаллӣ ба сокинони осебдида кумак мекунанд.
Бо қарори ситоди бартараф намудани оқибатҳои офат, барои 20 оилаи бесарпаноҳмонда ҷиҳати сохтмони манзили нав дар ҷойи нисбатан бехавф дар ҷамоати Ифтихор қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.
“Тибқи арзёбии мутахассисон, боз 10 хона дар минтақаи хавнок қарор доранд. Ба моликони онҳо низ қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони манзили нав барои аҳолии маҳаллии осебдида ҳамаҷониба кумак хоҳад кард”, – илова кард Юсуфӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.