Ду ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат барои таҳқири духтарон дар шаҳри Душанбе ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.
“Як ҷавондухтар ба милитсия муроҷиат намуда, аз он шикоят мекунад, ки дугонаҳояшро дар назди Театри опера ва балети пойтахт ду ҷавони мошинсавор таҳқиру ҳақорат кардаанд”, – хабар медиҳад маркази матуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Кормандони милитсия базудӣ шахсияти авбошонро муайян кардаанд, ки инҳо сокинони 28-солаи шаҳри Ваҳдат Валиҷон Муҳаммадҷонов ва Ҷаҳонгир Бегов будаанд.
“Онҳо духтаронро ҳангоми гаштугузор дар яке кӯчаҳои марказии пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Валиҷон Муҳаммадҷонов ва Ҷаҳонгир Бегов тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.