Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Панҷакент бо ҳузури шоирону фарҳангиён аз 80-умин солгарди шоири пуровозаи тоҷик Лоиқ Шералӣ таҷлил шуд. Аммо дар ин маросимҳои ҷашнӣ аз ҳукумати марказӣ касе ширкат ва суханронӣ накард.
Меҳмононро муовини расиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода хушомадед ва пазироӣ карданд. Дар ин гузориши аксӣ бархе аз лаҳзаҳои ҷашнгириҳо гирдоварӣ шудааст.
Дар ин ҷашнгириҳо Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагон, академик Акбари Турсон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, бархе меҳмонон аз Самарқанд ва шоирону фарҳангиён Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Камол Насрулло, Хайрандеш, Озарахш, Афзалшоҳ Шодӣ, Аъзами Хуҷаста, Адибаи Хуҷандӣ, фарзандон ва наздикони шоир ва бошандагони шаҳри Панҷакент ширкат карданд.
Меҳмонон ба зодгоҳи Лоиқ деҳаи Мазори Шариф рафта, дар намоиши ҳунарҳои дастии мардуми ин ҷо ширкат кардаву аз хонамузейи Лоиқ Шералиро дар ин деҳа боздид кардаанд.
Баъдан дар Кохи Лоиқи шаҳр тантанаҳои асосии ҷашн сурат гирифт, ки ибтидо намоиш ва фурӯши китобҳоро нашриёти "Адиб" баргузор кард. Баъдан дар кох конфонси илмиву адабӣ баргузор шуд.
Бади конфоронс дар саҳни Кохи Лоиқ барномаи ширу шакари иборат аз шеърхониву суханрониҳои шоирону донишмандон ва ҳунарнамоии овозхонҳои саршинос баргузор гардид, ки то соати 23-и шаб давом кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.