Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сарнавишти ғамангези хонаводаи гурезаи тоҷик дар Афғонистон: 29 соли дарбадариву 6 сол иқомат дар як ҳуҷра - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сарнавишти ғамангези хонаводаи гурезаи тоҷик дар Афғонистон: 29 соли дарбадариву 6 сол иқомат дар як ҳуҷра

Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Як хонаводаи тоҷик, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон гуреза шудаанду 29 сол аст, ки дар он ҷо ба сар мебаранд, аз бесарнавиштӣ ва рӯзгори сахташон шикоят кардаанд.

Дар бораи ин хонавода бахши дарии Радиои "Озодӣ" як гузориши видеоӣ таҳия кардааст, ки нишон медиҳад ин хонавода бидуни шиносномаву тобеият дар вазъи бесарнавиштӣ қарор доранд.

Ин хонавода, иборат аз зану шавҳар ва 5 фарзанд, ҳоло шаш соли ахир дар як утоқи як меҳмонхона зиндагӣ мекардаанд ва на шиноснома доштаанду на ба ҷойе сафар карда метавонистаанд. Фарзандони ин хонавода, ки дар Кобул мактаб хондаанд, ба далели надоштани тобеияту шаҳрвандӣ, давлати Афғонистон ба онҳо санади хатми мактаб ё аттестат надодааст.

МЕДИА (IFRAME)

Амирҳамза Ҳалимов падари ин хонавода мегӯяд, ки онҳо аз мухолифини собиқи давлати Тоҷикистон ҳастанд ва агар ба Тоҷикистон баргарданд, ба ҳукми сангине муҷозот хоҳанд шуд.

"Парвандаи моро Дафтари паноҳандагони СММ чанд бор баргардонд ва гуфт, ки шумо бояд ба Тоҷикистон баргардед. Агар баргардем ё зиндон аст ё қатл аст, марг аст барои мо",-мегӯяд Ҳалимов.

Ҳамсари ӯ дар ин гузориш мегӯяд, ки ин ҳама сол безор аз ҷон шудааст ва аз хайротхӯрӣ хаста шудааст. 

Ӯ бо чашми гирён мегӯяд, ки "хаста шудам, ман ҳам мехоҳам, ки инсон бошам, мисли инсон зиндагӣ кунам. Мисли як бандӣ ҳастем. Феълан мо ошпазхона надорем, ташноб надорем. Ҳама чизмон умумӣ аст, қатии мардон",-мегӯяд Тоҷиниссо ҳамсари Амирҳамза Ҳалимов дар ин гузориш.

Ин хонавода бо ноамн шудани Кобул аз амният ва сарнавишти худ нигарон шуда, хостори ин шудаанд, ки дар мушкилашон ниҳодҳои байналмилалӣ кӯмак кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.