spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вакили дифоъ: Иззат Амон боз ду моҳи дигар дар боздошт мемонад. 11 шикояти нав шудааст

Иззат Амон то ду моҳи дигар дар боздошт мемонад. Дар ин бора Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе қарор содир кардааст.  Ин хабарро Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои ӯ ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Шарипов далели тамдид шудани ҳабси пешакии зерҳимояашро ба ворид шудани 11 шикояти нав рабт дод ва гуфт ҳоло бо ин 11 шикояти нав дар маҷмуъ шумори шикоятҳое, ки Иззат Аммон шудааст ба 16 расид.

Ба гуфтаи вакили Иззат Амон онҳо то имрӯз маблағи ҳеч кадоме аз шикоятбароне, ки гӯё зарар дидаанд  пардохт накардаанд ва талош доранд, ки ин корро зудтар анҷом диҳанд.

Ӯ гуфт: «имрӯз маблағи мавҷудбуда ҳисоб ва маълум мешавад, ки он ба киҳо бояд дар аввал пардохта шавад. Чун ин маблағи доштаи зерҳимояааш кофӣ нест".

Дирӯз ҳам бо Иззат вохурӣ кардем ва вазъиятро фаҳмонидем, мегӯяд вакили дифоъ.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия  рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст. 

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. 

Гуфта мешавад ҳукми додгоҳи 25-уми май содир шудааст  ва акнун ӯ то 25 июл дар ҳасб мемонад.

Ҳафтаи гузашта Сайидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки ҳоло шаш нафари дигар аз Иззат Амон ба мақомот шикоят бурдаанд, ки гӯё ӯ аз онҳо фиреб дода бошад ва муфаттиш ин шикоятҳои навро месанҷанд. Акнун шумори шикоятҳои нав то имрӯз ба 11 расид, ки аз оғози парванда то ҳоло дар маҷмуъ 16 шикоят шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...