Ӯ зиндагии чандон ороме надорад. Пастиҳои зиндагиро, зулми шавҳарро бисёр дидааст! Дар ҳавлии хурде, дар як шароити тоқатфарсое умр ба сар мебарад! Вале ӯ кор мекунаду зиндагиро алорағми ҳама мушкилоту душворӣ пеш мебарад.
Ин вижагӣ ба назари мо, хоси бисёре аз занони тоҷик аст.
Меҳмони нави лоиҳаи “Нерӯи зан” Гулҷаҳон Эшназарова, роҳрӯб, корманди бахши ободонии пойтахт – як хиёбонрӯби одӣ нест, балки нафарест, ки намоди шикастнопазириву хонадории зани тоҷик аст.
Бо Гулҷаҳон дар мавриди душвориҳои кор, дар бораи ин ки чӣ гуна дар дили шаб аз сагҳои дайду раҳо шуду чанд пул аз маоши ночизаш пасандоз мекунаду ба ягона писараш, ки дар Русия донишҷӯ аст мефиристад, суҳбат кардем. Ё чӣ гуна дар мавриди донистани забони олмонӣ ва орзуи ба Олмон рафтанаш, ҳарф задем.
Матлаби мазкур бо кумаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯби лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.
Ба сомонаимо https://ap.dc.tj гузашта пулро аз Русия ба Тоҷикистон бе комиссия ва бо қурби расмӣ интиқол диҳед!