spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даргузашти Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи Ҳабиб Юсуфӣ, аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикони Самарқанд

Раиси созмони иҷтимоию фарҳанги ва сиёсии точикони Самарқанд Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи шоири хушноми тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ даргузашт. Дар ин бора Ҳаким Рабимпур яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз ёрони ҳамфикру ҳамгоми бону Юсуфӣ дар саҳфаи фейсбукяш хабар додааст.

Раббимпур аз Юсуфӣ ба унвони "ҳамсангари фаъолияти бедорӣ ва ҳуввиятшиносии миллатам, Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии точикон "Самарқанд" ном бурдааст.        

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки "муаллима нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят (Самарқанд – АП) будандд. Аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раиси созмонамон буданд. Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд".

Азиза Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии риштаи забону адабиёти донишгоҳи Самарқандро хатм карданд. Баъдан дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд ба унвони омӯзгор ва дар мақомҳои раҳбарӣ кор кард буд.

Раббимпур гуфтааст, ки "ҳоло садҳо шогирдонашон дар гӯшаи беканори кишварамон ва берун аз он фаъолият мекунанд". 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...