Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Алиакбар Раҷабовро боздошт намуданд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ӯ ба бовари як шаҳрванде, ки нисбаташ дар Агентии зиддифасод мутобиқи моддаи 319 КҶ ҶТ (Порагирӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, даромада, барои мусоидат ба қатъи парвандаи ӯ 20 ҳазор доллар талаб кардааст.
“Аз маблағҳои талабнамудааш 10 ҳазору 500 доллар ва 2 ҳазору 700 сомониро гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, нисбати А.Раҷабов бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.