Вакили дифои Иззат Амон раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз мудофеини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мегӯяд, ки зерҳимояашро бо хоҳиши худаш ба СИЗО интиқол доданд. То ин вақт Иззат Амон аз замони боздошт ба ин сӯ, дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД нигаҳдорӣ мешуд.
Ҳоло Иззат Амон ба СИЗО-и рақами 1-и Вазорати адлия дар Душанбе бурда шудааст.
Сайидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки муваккилаш дирӯз ба СИЗО мунтақил шуд ва то поёни таҳқиқи парванда дар он ҷо хоҳад монд.
Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии Душанбе боздошти Иззат Амонро барои ду моҳи дигар тамдид карда буд, ки то охири моҳи июлро дар бар мегирад.
Ҳоло Сайидбурҳон Шарипов мегӯяд, ки парванда бояд ба додгоҳ ирсол шавад ва исботи худро ёбад.
Ҳафтаи гузашта вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки то кунун шикоятҳо аз муваккилаш ба 16-то расидаанд ва агар исботи худро ёбанд, омода ҳастанд, ки хисороти расидаро бипардозанд. «Бояд ҳаракати тафтишотӣ гузаронида шавад ва Иззат Амон бояд шикоятҳои воридшударо тасдиқ ё рад кунад, баъдан кӯшиш мекунем, ки пардохт намоем».
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.
ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.