Сокинони хонаи воқеъ бо суроғаи кӯчаи Суҳроб, 7-и шаҳри Душанберо танҳо барои дар манзили худашон зиндагӣ кардан ба додгоҳ мекашанд. Ин чунин маънидод мешавад, ки онҳо ба сохтмон халал мерасонидаанд. Ширкати бинокор ҳатто талаб дорад, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва барои ба ин ҷо овардани техника иҷоза дода шавад, ки биноро аз ҳисоби худи онҳо тахриб мекунад.
“Мо дар ин хона таваллуд шудаем, аллакай насли сеюми хонаводаи мо дар ин кӯча зиндагӣ мекунад. Ҳозир кадом шахсоне омада, як сол зиёдтар инҷониб оромии моро халалдор месозанд, бидуни риояи ҳама гуна қоидаҳои бехатарӣ бино месозанд”, – мегӯяд Нигора Ҷабборова.
Сокинони кӯчаи Суҳроб 7 дархост доранд, ки техникаи бехатарӣ риоя шавад ва дар баробари ин, мудом нооромиро сабр карда, барои ҳуқуқҳои худ талош меварзанд.
Вазъияти мушкили ин сокинони Душанберо дар гузориши нави лоиҳаи “Дом” (Манзил) тамошо кунед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.