Саидҳасани 27-сола, писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ маъруф ба Эшони Қиёмиддин, яке аз чеҳраҳои маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 11 сол равонаи зиндон карданд. Дар ин бора радиои "Озодӣ" бо такя ба хешовандони маҳкумшуда хабар додааст.
Наздикони Саидҳасан гуфтаанд, ки онҳо аз ҷузёияти ҳукм огоҳ нестанд, зеро ҳукм ду ҳафта пеш аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста содир шудааст. Саидҳасан писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ аст, ки дар чанд моҳи ахир равонаи зиндон мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, Саидҳасани Саидқиёмиддин, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон, моҳи июли соли гузашта дастгир шуда буд. Яке аз пайвандони Саидҳасани Саидқиёмиддин, ки худро Саидаброр Шокиров муаррифӣ кардааст ба "Озодӣ", гуфтааст, "наздиконаш дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нестанд. Ин фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ аз ҳамсари дуввумаш аст".
Додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи ҳукм иттилое надодааст. Ҳатто маълум нест, ки ҳукм бар асоси кадом модда сурат гирифтааст.
Пайвандонаш гуфтаанд, Саидҳасан соли гузашта ҳамроҳи бародаронаш – Саидмуҳаммадии 44-сола ва Саидмуҳаммади 25-сола – боздошт ва пас аз муддате бо шарти тарк накардани ҷойи зист раҳо шуда буд.
Саидмуҳаммади Саидқиёмиддин писари дигари Эшони Қиёмиддин дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба 13 сол маҳкум шуда буд.
Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум карданд. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.