Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар имрӯз, 9 июн аввалин Форуми байниминтақавии тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кор оғоз намуд. Ин Форум бо садорати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Ӯзбекистон Сардор умурзоқов, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов баргузор мешавад.
Барои иштирок дар кори он ҳудуди 175 нафар соҳиборону роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии Ӯзбекистон ба шаҳр омаданд. Меҳмонони кишвари ҳамсояро муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода пешвоз гирифт.
Дар ҷараёни кори форум қарордодҳо дар бораи амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ баррасӣ мешаванд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ имзояшон дар назар аст.
Аз ҷумла дар назар аст, ки лоиҳаҳои сармоягузорие чун:
– Созишнома 22 миллиондолларӣ дар мавриди ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаи муштарак байни ҶСК “АЛЮМИНСОХТМОН”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “АВТОСАНОАТ ИНВЕСТ”-и Ӯзбекистон;
– Нияти ҳамкорӣ (2 млн доллар) дар бахши роҳандозии истеҳсоли трансформаторҳо байни ҶСК “Трансформатор”-и Тоҷикистон ва ҶС “ЧТЗ”-и Узбакистон;
– Ёддошт дар бораи нияти амалсиозии лоиҳа (2,5 млн доллар) байни ҶДММ “Авесто Групп” ва ҶДММ “Artel Engineering and Management”;
– Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак (3 млн доллар) байни ҶДММ “АВАС ИНЖИНИРИНГ” ва BMB TRADE GROUP,
– Ёддошти ҳусни тафоҳум байни ҶДММ “Тоҷиксемент” ва ҶС “Узмедкомбинат”, Қарордоди таҳвили масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон (11,5 млн доллар) байни ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон” ва ҶДММ “Баракот Хадйяд”,
Қарордодҳои чаҳорчӯбӣ дар мавриди бунёди гармхонаҳо (6,5 млн доллар) байни Агентии захираҳои давлатии назди ҳукумати ҶТ ва Агентии рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонаҳои Ӯзбекистон ва Қарордоди чаҳорчӯбӣ дар мавриди бунёди 10 гектар боғҳои муосири интенсивӣ (1,15 млн доллар) байни ҳамин ду ниҳод,
ба имзо бирасанд.
Интизор меравад, ки ҳайати кишвари ҳамсоя аз минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” боздид хоҳад кард.
Изҳори итминон мешавад, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба иҷрои ҳадафи гузошташуда – дар ояндаи наздик то ба 1 млрд доллар расонидани савдои дуҷониба байни кишварҳо имкон медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.