Тоҷикистон дар пешорӯйи як афви “тиллоӣ” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" як манбаъи муътамад аз Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дод.
Аммо ин манбаъ мегӯяд, ҳоло дар ин бора ҳарф задан хеле барвақт аст.
"Аммо одатан Пешвои миллат дар солгарди ҷашнҳои бузург маҳбусонро фаромӯш намекунад ва афв эълон мекунад", – гуфт манбаъ.
Афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст, аммо ҳанӯз маълум нест, ки президент ин санадро кай имзо мекунад. Шояд ин санад то охири моҳи август ба имзо расад ва сипас ҷузъиёти қонуни афв маълум шавад, итминон медиҳад манбаи мо.
Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.
Дар 20-умин солгарди Конститутсия, дар соли 2014низ афв эълон карда буданд, ки 10 000 нафар афв шуд. Дар соли 2011 дар бистумин солгарди истиқлол 15 ҳазор нафарро афв каданд.
Ҳамчунин сару садоҳое дар ҷомеа дар бораи афви пеши рӯ бархостааст ва бархе аз муҳбусин ин хабарро ба наздикону пайвандонашон расонидаанд.
Гулсифат модари яке аз маҳбусон аст, ки писараш дар маҳбаси рақами 7 –и Душанбе зиндонист. Ин зан ба «Азия-Плюс» гуфт, ки зимни мулоқоти ахир бо писараш дар маҳбас ӯ гуфтааст, ки моҳи август авф эълон мешавад ва маҳбусон дар моҳи сентябр озод хоҳанд шуд.
“Ман ин афвро мунтазирам ва итминон дорам, ки писари ягонаи ман аз зиндон раҳо хоҳад шуд. Вай бояд бештар аз се соли дигар дар зиндон бошад, аммо умедворам, ки ӯ дар рӯйхати афвшудагон хоҳад буд ва ба назди оилааш бармегардад », мегӯяд ин модар.
Бояд гуфт, ки афв, маъмулан, дар баробари афроде, ки ҳабси абаданд ё ҷазояшон ба ҳабси абад иваз карда шудааст, татбиқ намешавад.
Ёдрас мекунем, ки 25-уми октябри соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” имзо гузошт, ки бар асоси он то кунун наздик ба 20 ҳазор афв шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.