13-уми июн, дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ доир шуд.
Тавре дар сомонаи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, масофаи ниммарафон 21 км 97 метрро ташкил дода, дар чорабинӣ ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла варзишгарон аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд.
Кумитаи тадорукот барои 5 ҷои аввал миёни мардон ва 5 ҷой миёни бонувон ҷоизаҳо муқаррар карда, мМиёни мардҳо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид. Ӯ дар Ниммарафни моҳи апрели Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт низ ҷои аввалро ишғол карда буд.
Чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон – Самариддин Азимов, Ғайрат Олимов, Бобоҷон Яқинов ва Меҳробҷон Одинаев сазовор шуданд.
Миёни бонувон низ намояндаи Ӯзбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақоми аввалро ишғол кард. Дар ин ҷо низ чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд: Маҳина Баротова, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода, Раҷабмоҳ Абдуллоева ва Манижаи Рамазон.
Кумитаи тадорукот барои ҷои аввал 1500 доллар, барои ҷои дуюм – 800 доллар, барои ҷои сеюм – 600 доллар, барои ҷои чорум – 500 доллар ва барои ҷои панҷум – 300 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин ба иштирокчиён медали хотиравии Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ дар Душанбе супорида шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.