Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мирзиеёв ба ҷавондухтаре, ки дар васфи ӯву Эмомалӣ Раҳмон шеър хонд, тӯҳфаву нишон додааст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мирзиеёв ба ҷавондухтаре, ки дар васфи ӯву Эмомалӣ Раҳмон шеър хонд, тӯҳфаву нишон додааст

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ба Наврӯза Мамирова, ҷавондухтаре, ки зимни сафари расмии раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳузури Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон шеърхониву суханронӣ кард, нишони сарисинагии  "Ӯзбекистон белгиси" (“Нишони Ӯзбекистон”) ва ҳамчунин ҳадяи сарвари Ӯзбекистонро додаанд.

Шеърхонии Наврӯза Мамирова рӯзи 11-уми июн дар “Қасри Арбоб” аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев истиқболи гарм шуда буд.

Тӯҳфаи Шавкат Мирзиёев ва нишони сарисинагии Оҷонсии ҷавонони Ӯзбекистон "Ӯзбекистон белгиси" дақиқан, баъди як ҳафтаи шеърхонӣ рӯзи 17-уми июн аз сӯйи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Наврӯза Мамирова супурда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Облоқул Мӯсоев

Мамирова дар “Қасри Арбоб” шеъри ширу шакарреро бо тоҷикию ӯзбекӣ хонд, ки бозгӯйи риштаҳои хешутаборӣ, урфу одати ягона ва ҳамсоядории қадимаи ду миллат ва васфи раисҷумҳурҳои ду кишвар буд. Аз ҷумла дар мақтаъи шеър ӯ хонд, ки:

Пешво Эмомалӣ Раҳмон шуда маҳбуби мо,

Шавкати ду халқ хонад эҳтироми Мирзиё!

Баъди қироати ин шеър, суҳбати ӯ бо руасои ҷумҳур расонаӣ шуд.

МЕДИА (IFRAME)

Наврӯза Мамирова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт 6 мисраи шеъри хондааш ба қалами шоири ӯзбекзабони ноҳияи Спитамен Махсум Ҷӯра ва ду мисраи охирон дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба қалами нависандаи тоҷик Аҳмадҷони Раҳматзод таъаллуқ дорад. Ӯ гуфт шеърхонияш раисҷумҳуронро тасхир кардааст.

“Нағз шеър хондӣ, баромад хуб шуд, раҳмат гуфта президентҳо ханда карданд ва ҳамон лаҳзаи ханда ба акс фаромадаст. Дастонамро президенти Ӯзбекистон дошта миннатдорӣ баён карданд, Ҷаноб ҳам хурсанд, раиси вилоят ҳам хурсанд буданд”.    

Раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, Наврӯза Мамирова он рӯз аз номи ҷавонони ноҳияи Деваштич дар назди сарони давлатҳо баромад карда буд. Ӯ гуфт зимни эҳдои туҳфаи президент ва нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" аз сӯйи сафири Ӯзбекистон  дар Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони ин ҷавондухтар ҳузур доштанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва ровии телевизиони вилояти Суғд буда, се соли ахир барномаи “Қадрият”-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия мекунад. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда дар деҳаи Нуҷуни ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.