spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Авфи навбатӣ дар Тоҷикистон. Шаҳрвандон пулу амволашонро қонунӣ карда метавонанд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи қонунро «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон» қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти палата.

Дар санади имрӯз қабулшуда қонунӣ гардонидани дороиҳои шаҳрвандон, ки қаблан ба эъломия дохил нашуда буданд, аз ҷумла даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада пешбинӣ шудааст.

Ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дастур дода буд.

Ӯ бар ин назар аст, ки қабули қонуни авф барои ҷалби сармоягузории шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Қонунӣ гардонидан моликони чунин дороиҳоро ба таври автоматӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ озод мекунад. Лекин танҳо қонуншиканиҳои марбут ба гирифтан ё азхудкунии амволу пули қонунӣ бахшида мешавад.

Дар маълумоти палатаи поёнии парлумон зикр мегардад, ки чунин авф ба таври истисно ташаббуси якдафъаина аст.

“Мақсад аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини  шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.

Дар қонуни мазкур бори нахуст дар як вақт қонунӣ гардонидани ҳам амволу ҳам маблағ пебинӣ карда мешавад.

Таҷриба ҳаст

Дар мавриди баргузор намудани чунин авфҳо Тоҷикистон таҷрибаи муайян дорад. Ин гуна авфҳо дар Тоҷикистон се маротиба гузаронида шуда, лекин дар як вақт қонунӣ гардонидани ҳам пулу ҳам амвол бори нахуст сурат мегирад.

Аввалин чунин ташаббус соли 2003 барои “ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисод” гузаронида шуда, танҳо маблағҳо қонунӣ шуданд ва он ба амвол дахл надошт.

Президент моҳи апрели соли 2004 зимни муроҷиат ба парлумон хабар дод, ки дар доираи баргузории чунин як иқдоми якдафъаина 190 млн доллари ба 18 ҳазор нафар шаҳрванд дахлдошта қонунӣ гардонида шуданд.

“Чорабинии мазкур имконоти бонкҳоро барои рушди иқтисоди миллӣ ба таври назаррас зиёд кард”, – зикр карда буд ӯ он замон.

Иқдоми минбаъда давоми солҳои 2008-2009 баргузор гардида, танҳо ба амволе дахл дошт, ки ғайриқонунӣ харидориву азхуд шуда буд.

Дар натиҷа зиёда аз 87 ҳазор адад амвол қонунӣ гардонида шуда буд, ки нархи умумиашон он замон 19 млрд сомонӣ (5 млрд доллар бо қурби ҳамон вақт) арзёбӣ шуда буд.

Авфи сеюм солҳои 2010-2011 гузаронида шуд. Маблағи он замон қонунӣ гардонидашуда барои харидории саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” равона гардид. Бо ин мақсад ҳукумат суратҳисобҳои махсуси бонкӣ боз намуд.

Маълумот дар бораи натиҷаҳои маъракаи охири қонунӣ гардонидани пул расман нашр нашуда, шояд ин вобаста ба он бошад, ки маблағи қонунигардонидашуда начандон назаррас буд.

Чиро метавон интизор шуд?

Танҳо баъди аз тамоми расмиёти зарурии давлатӣ гузаштан ва нашри расмии қонун, ба гумони ғолиб метавон огаҳӣ ёфт, ки маҳз кадом “гуноҳҳо”-и моликони пулу амволи дар эъломия зикрнашуда бахшида мешаванд.

Лекин ба гумон аст, ки ҳамаи он чизе, ки пешниҳод мегардад, қонунӣ мешавад.

Масалан, соли 2010 қонунӣ гардонидани маблағҳо бо озод шудани моликони онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ танҳо ба баъзе моддаҳои Кодексҳои марбута дахл дошт.

Он замон амалҳои ғайриқонунии тибқи 12 моддаи Кодекси ҷиноятӣ содиршуда мавриди авф қарор гирифтанд. Аз ҷумла: соҳибкории ғайриқонунӣ; фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ; ғайриқонунӣ дастрас намудан ва додани қарз; амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ; муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ;  қочоқ; саркашӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ; саркашӣ аз пардохти андозҳо ва ғайра. Ҳамчунин қонунӣ гардонидан ва авфро тибқи 7 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунании маъмурӣ гузаронидан имкон дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...