Маоши миёнаи духтурон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд аст?

Мавзӯи тарки соҳа кардани табибон ва норасоии кадрӣ дар саҳаи тиб солҳост, ки дар Тоҷикистон доғ аст. Мақомот пайваста аз имтиёзҳо ва баланд бардоштани маоши табибон барои пешгирии ин раванд суҳбат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бахши тандурустӣ ба ислоҳоти густурда ниёз дорад. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотии охири худ гуфта […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Мавзӯи тарки соҳа кардани табибон ва норасоии кадрӣ дар саҳаи тиб солҳост, ки дар Тоҷикистон доғ аст. Мақомот пайваста аз имтиёзҳо ва баланд бардоштани маоши табибон барои пешгирии ин раванд суҳбат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бахши тандурустӣ ба ислоҳоти густурда ниёз дорад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “имрӯз, дар кишвар тақрибан 2,5 ҳазор табиб ва беш аз 600 ҳамшираи тиб намерасанд”.

Худи табибон мегӯянд, ки яке аз сабабҳио асосии аз кор рафтани пизишкони тоҷик кам будани маош аст.

Вазири тандурустӣ дар шарҳи сабабҳои тарки соҳа кардани табибон гуфта буд, ки “кишварҳои дигар, пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя, барои кормандони соҳаи тиб барномаҳои махсус ва имтиёзҳо пешбинӣ мекунанд ва ин, ба назари ӯ, сабаби аслии аз кишвар рафтани табибон мешавад”.

Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, маоши духтуронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунад.

Духтурон вобаста ба дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ ва рӯзҳои навбатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тандурустӣ бар замми маоши худ иловапулӣ мегиранд.

Аз ҷумла, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон табибон аз ҳисоби даромади хидматрасониҳои пулакии муассисаҳои тиббӣ ба ҳисоби миёна аз 400 то 1500 сомонӣ иловапулӣ мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.