spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод масофаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ қотеъона риоя шаванд

Таҳти раёсати президенти кишвар, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 июн маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он, аз ҷумл ба масъалаи интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

Бори дигар таъкид шуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар Facebook навиштае нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, “дар роҳи сироят ва паҳншавии коронавирус аз нақлиёти ҷамъиятӣ дида, дигар чизе хатари бештар надорад!”.

“Дар барқияи Ситоди ҷумҳуриявӣ омадааст, ки ба хотири беҳдошти саломатии ҷомеа тӯю маъракаҳо ва дигар расму оин бо шумораи маҳдуди одамон гузаронда шаванд. Аммо дар бораи танзими ғунҷоиш дар нақлиёти ҷамъиятӣ чизе гуфта нашудааст. Агар муқоиса кунем, дар тӯю маърака ҳарчанд мардум зиёд ҷамъ шаванд, аммо фосила кам андар кам ним метр ва аз ин ҳам бештар байни меҳмонон риоя мегардад, аммо дар маршруткаю автобусҳо ҳатто як ваҷаб фосиларо риоя кардан ғайриимкон аст”, – зикр шуда буд дар навишта.

Аз ин рӯ, пешниҳод гардида буд, ки “беҳтараш қоидаҳои беҳдошт дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...