spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

АНМН дар либоси соҳибкорон ва сурудҳои рэперҳо таблиғоти маводи нашъаоварро пайдо кард

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар дар мавриди таблиғоти ғайриқонунӣ ва рекламаи маводи мухаддир дар либос санҷиш гузарониданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш дар бозорҳои “Корвон” ва “Ганҷина” дар Душанбе 17 ҳолати фурӯши либос бо тасвири барги ниҳоли бангдона ошкор шудааст.

Аз соҳибкорон қариб 240 адад либоси сабуки варзишӣ ва 530 адад кулоҳи варзишӣ бо тартиб додани ҳуҷатҳои дахлдор мусодира гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

Зимни санҷиш дар бозори ноҳияи Ёвон либосҳои варзишӣ бо акси ниҳоли бангдона ошкор ва мусодира карда шудааст. Нисбати 4 соҳибкори молики либосҳо парвандаҳои маъмурӣ боз карда шудааст.

Нисбати рэперсароён Зафар Ризоев ва Муҳаммадҷон Шарифзода низ парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардидааст. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Ютуб, Фейсбук, Раудер – Офитсиал ва Тик – Ток саҳифаи  алоҳида кушода, дар онҷо сурудҳои тарғиботии дорои характери ҷалбнамоӣ ба нашъмандию нашъаҷалобиро ҷой кардаанд.

Сарояндагони сурудҳои тарғибкунандаи нашъамандӣ ва соҳибкорон дар доираи парвандаи маъмурӣ ба маблағи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...