Нороҳатӣ аз бемории камдучори устухоншикан Абдуррашидро заиф не, балки қавӣ кард, то ӯ битавонад аз худ як шахсияти боҳушу эътирофшуда бисозад.
“Бар он боварам, ки ҳамқофия будани калимаҳои МАРД ва ДАРД тасодуф нест”, – аз роҳи паймудаи ҳаёт ин хулосаро дорад Абдуррашид Қаюмзод.
Агар ба таҳқиқ бингарем, зиндагии ӯ ду масир доштааст.
Аз мушкилӣ то сабр
Тӯли 31 соли умр фақат 2 соли охир аст, ки устухонҳои дасту пой ва қабурғаҳояш намешикананд. Вазъашро 6 сол қабл барои дӯстони фейсбукияш чунин шарҳ дода буд:
“Атса задам, ким-кадом қабурғаам шикаст”.
Беш аз 40 дафъа азияти бемории модарзодии устухоншикан ё ба истилоҳи русӣ “несовершенный остеогенез”-ро таҳаммул кардааст. Ӯ боре ёдовар шудааст:
“Ҳар қадар, ки фикр мекунам, аз давраи кӯдакиам ҳеҷ хотираи хушу рангин ба зеҳнам намеояд. Рӯзҳои зиёдаш пушти дари беморхонаҳо гузашт ва аз он зиёдтар дар рахти хобу кунҷи хона”.
Ду асобағали аз соиши зиёд ҳоло фарсуда аз ҳамсафарони ҳамешагияш ҳастанд.
Абдуррашид маъюбияти гурӯҳи якум дорад. Аз давлат 270 сомонӣ кумакпулӣ мегирад, ки ин барои оилаи шашнафараи ӯ басанда нест. Воқеан, 4 духтари дӯстрӯй дорад. Дар зодрӯзи якеаш чунин меҳрномаи падаронаи ӯ Фейсбукро зиннат додааст:
“Ҳар гоҳ ки аз ҷойе ба хона оям, нахустин саволи Асмоа ин аст: “Дадаҷон, чӣ овардӣ?” Агар дасти холӣ бошам, мегӯям: “Ташриф овардам, духтарҷон”. Ана баъд, то як соат маро ба ҳолам намегузорад: “Канӣ ташрифи овардаат? Куҷост? Кай нишон медиҳӣ?”. Аммо имрӯз кӯшиш мекунам, ки ба ҷойи ташрифи хушку холӣ ба ту ҳадяе оварам, чун ту бароям беҳтарин ҳадя аз ҷониби Худованд ҳастӣ”.
Ва боз: “Барои парвоз кардан лозим нест, ки паранда бошам. Ҳамин ки ту механдӣ, бол пайдо мекунам. Дусолагиат муборак!”.
Абдуррашид таҳсилро қисман дар мактаб, қисман дар хона гузаронида, фақат маълумоти миёна дорад. Сухани ӯ:
“Аз сабаби бемории домангир маъмурони мактаб муаллим таъйин карда буданд, ки ӯ ба хона омада, сабақам медод”.
Аз ирода то худсозӣ
Ин масири Қаюмзодро яке аз дӯстони солманди фейсбукии ӯ – табиб Ҳомид Хостихудоев “роҳ аз ҷавонӣ ба хирадмандӣ” таҳқиқ додааст.
Истифода аз телефони ҳушманд, ноутбук, интернет, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва ҳоказоро мустақилона омӯхт. Сухани ӯ: “Даҳ сол пеш ба дунёи интернет рӯ овардам. Аз ҳама зиёд Фейсбуки тоҷикӣ, ки таҷаммуъгоҳи маҷозии аҳли зиё буд (ҳоло камтар), бароям писанд омад. Мушкилиҳои техникӣ буданд ва бартараф шуданд, аммо мушкили суръати сусти интернет ҳамоно боқист”.
Бо собиқаи даҳсола яке аз корбарони шинохтаи Фейсбуки тоҷикӣ аст. Аввалҳо саҳифааш “Абдурашид Сафаров” ном дошт, ҳоло “Абдурашид Қаюмзод”.
Васфи ин шахсият аз журналисти хушноми тоҷик Раҷаби Мирзо: “Ҷавонест, ки маъюбият руҳафтодааш накард. Ҳол он, ки хеле аз танумандҳо ин гуна нестанд”.
Ва Абдуррашид мегӯяд: “Муҳимтарин фоидаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин аст, ки иртиботро миёни дӯстону пайвандон осон кардаанд. Ман гурӯҳи фейсбукии “Аз ҳар зовия” таъсис додам, ки айни замон беш аз 70 ҳазор аъзо дорад. Ба ин восита мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда, ба ҳаводорони матолиби фейсбукӣ хизмат мерасонам. Чандин шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон фаъолияти маро дар Фейсбук тавсиф карданд, ки ин бароям беҳтарин дастгирии маънавӣ аст. Ҳоло дӯстони интернетӣ ва ҳамнишинҳои зиёди воқеӣ пайдо кардаам”.
Мудири ин гурӯҳи фейсбукии гуногунмуҳтаво пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар интихоби мавзӯъ маҳдуд нашавад: “На фақат матолиби тарбиявӣ, балки иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ низ дорем. Яъне аз мушкилиҳо низ мегӯем. Ҳикояҳо, андарзҳо, мутоибот – инҳо мавзӯъҳоеянд, ки бештар истиқбол мешаванд. Барои он, ки дар гурӯҳи “Аз ҳар зовия” чизи хубе нашр кунам, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошам, китобҳо ва сарчашмаҳои ҷолибро аз назар гузаронам. Масалан, тамоми ҳикоёти “Гулистон”-и Саъдиро борҳо мутолиа ва дар гурӯҳи мазкур нашр кардаам”.
Аз шарҳу паёмҳои сершумори гурӯҳ дарк мешавад, ки Абдуррашид ба мақсад расидааст. Яъне ба хонандаҳои матолибаш дар олами маҷозӣ нафъ мерасонад.
“Абдуррашиди азиз, дӯсти қаблан маҷозӣ, – навиштааст як узви гурӯҳ – мудири Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода, – Худованд ба шумо истеъдоди бесобиқа додааст. Аъзои гурӯҳ, ки инҷониб ҳам аз он шумул ҳастам, муддатҳост аз донишу салиқаи шумо баҳра мебарем ва ағлаби вақтро хуш мегузаронем, чунки матлабҳоятон пурбор ва дархӯри ҳоланд. Шумо ҳунари чӣ гуна гуфтанро доред. Мушкилотро тавре арз мекунед, ки касро ба ханда ва андеша водор мекунад”.
“Аз меҳру самимияти аъзои гурӯҳ ҳисси зиёди ифтихор мепарварам”, – гуфт Абдуррашид ва афзуд, ки боре як модари 74-сола аз шаҳри Панҷакент занг зада, ӯро чунин фараҳу итминон дод: “Аз муштоқони навиштаҳои шумо ҳастам”.
Кӯтоҳсуханҳои пурҳикматаш борҳо тавассути нашрияҳои “Истиқбол” (Душанбе), “Ганҷи ороста” (Исфара) ва гоҳе “СССР”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва радиои “Исфара” интишор шудаанд.
Ва ин лутфи арзишманд аз адиб, луғатшинос ва рӯзноманигори маҳбуби миллат Рустами Ваҳҳоб: “Абдуррашид ҳамеша бо зовияи дид ва нуқтаи хоси назари худ ва ҳамчунин, зарофати амиқу тоза таваҷҷуҳро ҷалб мекунад. Ба дунё назари ҳакимона дорад”.
Фаъоли ҷамъият аст. Чунончи, соле қабл дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи миллии маъюбон беш аз 50 шахси дорои маъюбиятро аз деҳоти атроф ҷамъ карда, доир ба ҳуқуқҳояшон дарсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ кардааст.
Баёнҳои муъҷазаш фақат бо зебоиҳои табиати зодбум ва зистҷойи ҳамешагияш – ноҳияи Фархор қиёспазир буда метавонанд. Муште аз хирвор:
– Ба нур нигоҳ кун! Сояҳо пушти сарат хоҳанд буд;
– Дӯст бидор онҳоеро, ки дар зиндагиат нақш доштаанд, на онҳоеро, ки нақш бозӣ кардаанд;
– Ғамҳое, ки чашмҳоро тар намекунанд, ба устухон расидаанд;
– Барои тамоми ранҷҳое, ки мебарем, бояд сабр кунем. Чун сабр авҷи эҳтиром ба ҳикмати Худованд аст;
– Модар, яъне оромиш. Падар, яъне осоиш.
Дунёи ботинӣ
– Лаззати дунёро дар хондани Қуръон, асари хуб, суҳбати олим ва ҳар он чӣ ғизои маънавӣ медиҳад, мебинад;
– Кабӯтарро дӯст медорад;
– Пуррӯйӣ ва бешармии одамонро нисбат ба якдигар таҳаммул карда наметавонад;
– Феъли хубаш: аз пешрафти дигарон шод мешавад;
– Феъли аҷибаш: ҳар гуна таомро хуш надорад;
– Ҳамагӣ як орзуяш амалӣ нашудааст, ки онро ошкор кардан намехоҳад.
Дар мавриди чеҳра: “Агар рассом мебудам…”
“Дар фазои маҷозӣ бисёр мепурсанд, ки чаро дар аксҳо ғамгинӣ? Ба ҳангоми дидорҳо ҳам ин суолро зиёд мешунавам. Агар метавонистам, табассуми зебое бар чеҳраи худ мекашидам, то бо ҳар фарде, ки рӯ ба рӯ шавам, камтарин хайре, ки аз ман бинанд, ҳамин табассумам бошад”.
Шукройин
Робияи Холмирзо, шоири соҳибзавқи тоҷик сеҳри сухани Абдуррашид Қаюмзодро аз олами маҷозӣ нек шинохта, дар саҳифаи ӯ чунин нигоштааст:
“Навмедӣ нерӯи бузург мебахшад. Як бозии дигар – дар пеш, Абдуррашид!”.
Эҳтиром қойил будан ба тавонмандиҳои Қаюмзод ва ҳидояти ӯ ба қуллаҳои ҳанӯз фатҳношудаи Худошиносӣ, худшиносӣ, худсозӣ, инсонмеҳварӣ, донишандӯзӣ ва дигар хушиҳо – ин аст мазмуни хитобаи бону.
Абдуррашид дар посух ба нигоштаи Робия гуфт: “Чун ба давру бар назар меандозӣ, барои шукри Худоро ба ҷо овардан ҳазорҳо далел меёбӣ. Аз зиндагии имрӯзаам розиям. Шукр мекунам, ки вазъи саломатиям тайи ду соли охир нисбатан беҳтар шудаасту худро идора карда метавонам. Шукри падару модари ғамхор, ҳамсари меҳрубон ва 4 духтари нозанинам. Шукр аз фазои ободу озоди Ватан, ки тӯли ин солҳо дар ҳар мавзӯе, ки мехоҳам, назар медиҳаму менависам ва то ҳол кучактарин халале надидаам. Минбаъд низ барои фоида расонидан ба аҳли ҷомеа ва рушди бештар аз дилу ҷон кӯшиш хоҳам кард”.
Саргузашти муваффақияти Абдуррашид Қаюмзод дар доираи маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо – тавоно!” мунташир гардид.
Марҳилаи нави ин маъракаи иттилоотӣ бо мусоидати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбӣ, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад. Дар ҷараёни он силсилаи наворҳои иҷтимоии видеоӣ ва садоӣ, ҳамчунин матолиби мавзӯӣ барои нашр дар расонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва бознашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия шудаанд.
Нақши оила ва ҷомеа дар инкишофи кӯдак
Оминаи 6-сола дар муҳити пурмеҳри оила калон мешавад. Ҳамсоягони хонаводаи ӯ дар шаҳри Истаравшан ва кормандони Маркази дастгирии оила ва кӯдаки "Фарзанди Ватан" барои инкишофи Омина ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.
Марям ба ҳаёти мустақилона омода мешавад
Ин духтари 14-сола аз худ кардани донишу малакаҳои навро якҷо бо кӯдакон ва наврасони дигар меписандад. Ташкилоти ҷамъиятии "Ирода" барои пешравии Марям ва омодасозии ӯ ба ҳаёти мустақилона ёрӣ мерасонад.
Силсилаи видеонаворҳои маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо – тавоно!” ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявии “Сафина” ва “Синамо”, ҳамчунин дар шабакаи минтақавии ТВ “Азия” (вилояти Суғд) намоиш дода мешаванд.
Нозанин дар озмун
Филми нави тасвирӣ дар бораи Нозанин, ки қаҳрамони дӯстдоштаи кӯдакон ва наврасон аст, тақдими бинандагон мешавад.
Нозанин бо ҳамсолонаш дар мусобиқаи тенниси рӯйимизӣ қувваозмоӣ карда, ҳамчунин дар озмуни китобхонӣ фаъолона ширкат меварзад.
Шаҳри зебо
Нозанин дар ин филми нави тасвирӣ аз наврасону кӯдакон дархост мекунад, ки тозагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя созанд.
“Барои тоза кардани шаҳрамон одамон заҳмати бисёр мекашанд. Биёед, ба қадри меҳнати дигарон бирасем!”, – мегӯяд Нозанин.
Филмҳои тасвирӣ дар бораи ин духтари зебою доно ҳамарӯза дар Телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.