Ҷумъабой – номи шартии сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон аст. Вай нахост, бо ному насаби расмии худ ҳодисаеро, ки аз сар гузаронидааст, нақл кунад.
Ҷумъабой гуфт, 3 сол пеш – баъди баргузор кардани маросими ёдбуди ҳамсараш ба идораи нозири минтақавӣ даъват ва дар вайрон кардани қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” гумонбар шуд. Ба гуфтаи Ҷумъабой, нозири минтақавӣ бидуни тартиб додани санад ва исботи қонуншиканӣ, барои пӯшонидани ин “ҷурм” аз вай пора талаб кардааст.
Ҷумъабой мегӯяд, ҳарчанд ба нозири минтақавӣ пора дод, баъди чанд рӯз бо дахолати пайвандон ва муроҷиат ба вазорати корҳои дохилӣ нозир пораи гирифтаашро баргардонида, аз вай узрхоҳӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, пеш аз ин моҷаро ҳама гуна талаби мақомот ва намояндагони мақомотро қонунӣ меҳисобид, аммо баъди он ақидааш тағйир хӯрдааст…
Харҷ 1000 сомонӣ – “пора” 3000 сомонӣ
Ин моҷаро дар тобистони соли 2018 рух додааст. Ҷумъабой дар солрӯзи вафоти ҳамсараш, ки он сол бо Иди Қурбон мусодиф омада буд, маъракае ороста ва ҳамсоягону хешованди гирду атрофашро ба фотиҳа даъват кард. “Ҷамҷъулҷамъ 20 кас дар он маърака ширкат кард. Харҷи иду маъракаро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, 1000 сомониро дар бар мегирифт. Фардои маърака нозири минтақавӣ ба ман занг заду ба утоқи кориаш даъват кард ва гуфт, ки ман бо баргузор кардани маърака қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон кардаам”, – ёдовар мешавад аз он рӯзҳо Ҷумъабой.
Ба нақли вай, нозири минтақавӣ гуфтааст, ки шаҳрвандони қаторӣ барои вайрон кардани қонуни танзим то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Ҷумъабой нақл кард, ки нозири минтақавӣ аз вай дар ивази тартиб надодани санад ва ба додгоҳ нафиристодани он 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
“Бори аввал буд, ки бо ин гуна бархурд рӯ ба рӯ мешудам. Аз вай илтимос кардам, ки каме инсоф кунад, ман ин қадар маблағ надорам. Ба ин тартиб, ба 3 ҳазор сомонӣ қарор гирифтем”, – гуфт Ҷумъабой.
Нозири минтақавӣ, ба гуфтаи ин сокини вилояти Хатлон, шиносномаҳои дохиливу хориҷии ӯро гирифта, ваъда додааст, ки баъди овардани “ҳаққи ӯ” бармегардонад. Ҷумъабой нақл кард, ки то рӯзи дигар 3 ҳазор сомонии талабкардаи ӯро ҷамъоварӣ карда, ба нозир расонидааст. Аммо нозири минтақавӣ шиносномаҳои ӯро бо ин вуҷуд барнагардонидааст.
Шикоят ба телефони боварии вазорати корҳои дохилӣ
“Вақте ин хабар байни хешовандон паҳн шуд, яке аз хешовандон гуфт, ки бояд ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат ва шикоят кард. Ман намедонистам, ки кори нозири минтақавӣ ғайриқонунӣ аст. Ҳамин ки гиребони маро сар дод, дигар намехостам ба ҷое шикоят барам. Вале дар охир ба пешниҳоди хешовандон розӣ шуда, ба телефони боварӣ занг задаву шикоят кардам”, – нақл кард Ҷумъабой.
Дар телефони боварии вазорати корҳои дохилӣ шикояти ӯро шунидаву барои баррасии он аз шаҳри Душанбе ба он ноҳияи вилояти Хатлон намоянда ирсол кардаанд. Ҷумъабой мегӯяд, пеш аз он ки намояндаи вазорат ба ноҳия расад, нозири минтақавӣ ба манзили ӯ омада, ҳам шиносномаҳо ва ҳам пораи гирифтаашро баргардонидааст.
“Вақте мо ному насаби нозири минтақавиро ба телефони боварии вазорат расонидем, эҳтимол дорад, ки ба вай аз вазорат занг задаанд. Ба ҳамин хотир, вай пеш аз расидани намояндаи вазорат ба манзили ман омада, ҳам маблағро оварду ҳам шиносномаҳоро ва хоҳиш кард, ки ман шикоятамро аз вазорат баргардонам”, – гуфт Ҷумъабой.
Аммо ба гуфтаи вай, “кор аз кор гузашта буд” ва ду рӯзи баъд намояндаи вазорат ба ноҳия расид. Намояндаи вазорат ба таври ҳузурӣ шикояти Ҷумъабойро шунида ва баёноти ӯро гирифтааст. Ба гуфтаи ин сокини вилояти Хатлон, пажуҳиши фиристодаи вазорати корҳои дохилӣ шикояти ӯро тасдиқ ва нозири минтақавӣ аз кардааш “изҳори пушаймонӣ” кардааст.
“Ҳарчанд мо аз рӯи эҳсосоти инсонӣ намехостем, ки нозири минтақавӣ ҷазо гирад ё аз кор сабукдуш шавад, баъди чанд ҳафтаи шикояти мо ӯро аз мақомаш барканор карданд”, – ба ёд меорад он рӯзҳоро Ҷумъабой. Вай мегӯяд, ҳарчанд рушан набуд, ки оё ӯ бо баргузор кардани маросими ёдбуди ҳамсараш қонуни танзимро вайрон кардааст ё не, аммо бо пешниҳоди хешовандон ва мусоидати мақомот пораи додаашро баргардонид.
“Дар маҳалле, ки мо истиқомат дорем, мардуми гирду атрофамон бори аввал шоҳид шуданд, ки як шаҳрванди қаторӣ метавонад, ҳаққи худро аз намояндаи мақомот ситонад. Бисёр як ҳодисаи нодир буд. Рости гап, баъди он ҳодиса кормандони дигари ниҳодҳои давлатӣ дар муносибат бо мардуми деҳаи мо эҳтиёткор шуданд. Яъне, метавон гуфт, ки шикояти мо натиҷа дод ва чашми мардумро кушод, ки ба қонуншикании дигарон роҳ надиҳанд”, – нақл кард Ҷумъабой.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.