Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар мақомоти додситонӣ хабар додааст, ки ин мансабдорро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи Сӯҳроб Раҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" парванда боз шудааст ва ӯро маъмурони амниятӣ боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ рӯзи 5-уми июл дар маҳалли кораш дастгир шудаст ва гуфта мешавад ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили "Пайк" моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд.
Ба гуфтаи Радиои Озодӣ "ин масъала дар нишасти матбуотии шаш моҳ пеш дар ҳукумати Кӯлоб низ дар миён гузошта шуд ва Сӯҳроб Раҳимов чунин посух дода буд: "хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?"
То кунун назари шаҳрдории Кӯлоб ва наздикону пайвандони Раҳимов дар мавриди боздошт ва қазияи ӯ барои расонаҳо дастрас нест. Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.
Дар давоми як соли ахир, ин боздошти дувумин мансабдори сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб аст.
Тобистони соли гузашта ҳам раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.