10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси варзишӣ ва расмии Ҳайати олимпии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, Фонди дастгирии олимпӣ таъсис ёфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад.
“Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад. Маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст”, – омадааст дар хабар.
Гуфта иешавад, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд.
Ёдрас мешавад, ки Ширкати “Iamdifferent” ҳайати олимпии Тоҷикистонро соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро низ бо маҷмӯи либоси варзишӣ таъмин намуда буд.
Дар ҷаласа ба Ширкати “Iamdifferent” ва роҳбари ширкат Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба ҳайати олимпии Тоҷикистон аз номи ноиби Президенти КМО Тоҷикистон Соҳибов Шамсулло кӯмакпулӣ ва ба 17 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми умумии 935 000 сомонӣ тақдим шуд. Инчунин, аз ҷониби Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мегарданд, мутаносибан 10000 сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад: ҷудо – Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов, (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Темур Раҳимов (то 100 кг), бокс – Баҳодур Усмонов (то 60 кг), Шаббос Негматуллоев (то 81 кг) Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг), Гулсумбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 м), Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м, шиноварӣ – Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м), Олимҷон Ишанов (тарзи озод 50 м).
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.