Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Манбаъ: Ҳамаи фирориёни Афғонистон аз Тоҷикистон рафтанд, дигар касе нест - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Манбаъ: Ҳамаи фирориёни Афғонистон аз Тоҷикистон рафтанд, дигар касе нест

12
12

Як манбаъ аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳамаи фирориёни Афғонистон, ки аз ҳамлаи "Толибон" ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, дубора ба ин кишвар баргардонида шудаанд. 

Ба гуфтаи ин манбаъ, ба ҷуз қирғизҳои бумии Афғонистон, ки аз тарси "Толибон" рӯзи 13-уми июл ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон паноҳ овардаанд, дигар ҳамаи фирориён дубора ба Афғонистон баргаштанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч фирории дигари Афғонистон дар Тоҷикистон нест. Ба гуфтаи манбаъ аксари фирориён низомиёне буданд, ки аз ноҳияҳои марзии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ки шумораи онҳо бештар аз 1000 нафар буд. 

Ин фирориёнро давлати Афғонистон тавассути чархбол аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба ҳудуди Афғонистон баргардонидааст. 

Аксари фирориёни низомии Афғонистон, ки дар миёнашон шумораи ками занону кӯдакони узви хонаводаи ин низомиён буд, дар мавзеъи Момираки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷо ба ҷо шудан буданд, ки сафири Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 8-уми июл ба хабаргирии онҳо рафта буд.

Нахустин фирориёни Афғонистон аз ҳисоби низомиёни ин кишвар, рӯзи 22-юми июн пас аз суқути гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон ба дасти "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ки шумораашон беш аз 100 нафар гуфта мешуд.

Бар пайи ин рӯзи 27-уми июн, пас аз ғасби вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони вилояти Тахори Афғонистон 17 низомии дигар фирор карда буданд. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 1000 низомии Афғонистон аз ҳамлаи "Толибон" ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд

Рӯзҳои 3-4 июл Неруҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки бар пайи суқути 6 вулусволии ҳаммарзи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон  1037 низомии ин кишвар дар минтақаҳои Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ ва Хоруғу Ишкошими ВМКБ ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. 

Бар пайи ин, рӯзи 7-ми июл саҳфаи расмии ҳукумати ВМКБ дар Фейсбук бо нашри як видео аз фирори бештар аз 400 шаҳрванди Афғонистон ба вилоят   хабар дод ва гуфт, ки аксари инҳо занону кӯдакони пиронсолон мебошанд.

Баъдан "Азия-Плюс" маълум кард, ки ин 400 нафарро дар водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ҷо ба ҷо кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...